Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои даргириҳои нав дар Қаробоғ умед ба оташбасро камтар мекунад  


Шаҳри Марнутии Қаробоғи Кӯҳӣ. Марде дар паноҳгоҳи бобм нишастааст. 9-уми октябри соли 2020
Шаҳри Марнутии Қаробоғи Кӯҳӣ. Марде дар паноҳгоҳи бобм нишастааст. 9-уми октябри соли 2020

Оташбаси заъифи миёни нирӯҳои Озарбойҷон ва Арманистон дар Қаробоғи Кӯҳӣ як рӯз баъди имзои он таҳти хатари бекор шудан қарор дорад. Баъди имзои оташбас бо миёнҷигии Русия дар рӯзи 10-уми октябр, дубора даргирӣ сар зад ва ҳарду ҷониб ҳамдигарро гунаҳгор карданд. Шоми 10-уми октябр ва субҳ ҳам Степанакерт, шаҳри калонтарини минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳиро чанд таркиш такон дод. Раҳбарияти амалкунандаи ин минтақаи ғолибан арманинишин ҳам Озарбойҷонро дар ҳамлаҳои мушакӣ ба шаҳрҳои Қаробоғи Кӯҳӣ гунаҳгор кард. Вазорати хориҷаи Арманистон шоми 10-уми октябр изҳороте нашр карда Озарбойҷонро дар нақзи шарту шурути оташбас гунаҳгор кард. Вазорати дифои Озарбойҷон шабонгоҳ гуфт, ки мушакҳое, ки аз хоки Арманистон партоб шуд, бори дигар ба Ганҷа, дуюмин шаҳри калонтарини Озарбойҷон асобат кард. Дар хабарҳои аввалия дар бораи талафоти инсониву маҷрӯҳон дар миёни афроди мулкӣ иттило дода мешуд. Вазорати хориҷаи Арманистон гузоришҳои Озарбойҷонро “иттилои дурӯғин” номид, ки ҳадафашон “пӯшондани амалҳои онҳо” мебошад. Аз замоне, ки оташбас эълон шуд, хабарҳои мухталиф инчунин дар бораи ҷангҳо дар бархе нуқтаҳои ба истилоҳ хати тамос дар миёни нирӯҳои ҷудоиталаби Арманистону Озарбойҷон гузориш доданд. Баъди ду ҳафта ҷангҳои шадид ду ҷониб ба оташбас розӣ шуданд ва ин музокирот шоми 9-уми октябр дар Маскав бо миёнҷигии вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG