Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишкон дар Хуҷанд гуфтанд, зимни ширкат дар интихобот аз КОВИД-19 эҳтиёт кунед. ВИДЕО


Пизишкон дар Хуҷанд гуфтанд, зимни иштирок дар интихобот худро аз КОВИД-19 эҳтиёт кунед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Пизишкон дар Хуҷанд гуфтанд, зимни иштирок дар интихобот худро аз КОВИД-19 эҳтиёт кунед

Масъулони соҳаи тиб дар Хуҷанд аз сокинон даъват кардаанд, ки ҳангоми ба нуқтаҳои райъдиҳӣ рафтан дар интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр қоидаҳои беҳдоштиро риоя ва худро аз сироят ба коронавирус эҳтиёт кунанд.

Рӯзи 9-уми октябр дар наздикии маҳаллаи 18- уми шаҳр, ки мардум барои харид ба “Ҷумъабозор” меоянд, ихтиёриёну кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим варақаҳо дар бораи эмин будан аз коронавирусро тақсим намуданд.

Ҳарчанд дар инҷо ниқоби тиббӣ ё маҳлули безараргардониро ройгон тақдим накарданд, вале гуфтанд, ки бояд сокинон дар маҳалли ҷамъшавии бештари одамон, ба хусус макони овоздиҳӣ дар интихобот аз эҳтиёт кор бигиранд.

Маҳфӯза Каримова, роҳбари Маркази тарзи ҳаёти солими шаҳри Хуҷанд гуфт, ки “маъракаи калон дар пеш дорем ва мо маълумотро паҳн мекунем, ки бе ниқоб, бе маҳлули антисептикӣ, бе дастпӯшҳо ба нуқтаҳои интихоботӣ ворид нашаванд”.

Бо гузашти ҳафт моҳ аз тасдиқи коронавирус дар Тоҷикистон ва таблиғи пешгирии ин беморӣ дар миёни аҳолӣ ҳанӯз ҳам бештари сокинон ниқоби тиббӣ ба бар намекунанд.

Ғанӣ Қурбонов, сокини Хуҷанд мегӯяд, аз ҳама қоидаҳо огоҳ аст, аммо шароити иқтисодиаш имкон намедиҳад, ки зуд-зуд ниқоб иваз кунад.

“Маблағ надорам, ки ниқоб харам ва ягон нафар ҳам ба ман ройгон ниқоб надодаст, то бипӯшам. Ҳарчанд камбағал ҳастам, ҳеҷ кас дар ин шароит ба оилаи мо аҳамият надодааст ва вақте бемор шудем, бо пули қарз худамонро табобат намудем”,-гуфт ӯ.

Бо ин вуҷуд, масъулони эпидемиологиву беҳдоштии шаҳри Хуҷанд ахиран дар пайи як амалиёт беш аз 100 касро барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла надоштани ниқоби тиббӣ, ҷарима кардаанд.

Шаш туйхонаву марказҳои дилхуширо барои аз меъёр зиёд ворид шудани одамон бастаанд.

Раҳмон Муҳаммадиев, мудири Шӯъбаи санитарию назоратии эпидемиологии шаҳри Хуҷанд гуфт, ки “тақрибан 12 ҳазор сомонӣ ҷарима аз сокинон ба фоидаи давлат ситонида шудааст. Дар баробари ин нисбати масъулони туйхонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, ки бе риояи талаботи беҳдоштӣ, бе истифодабарӣ аз ниқоб, бе истифодабарӣ аз антисептикҳо ва риоя нашудани фосилаи иҷтимоӣ санад тартиб дода шуда, ҷарима муайян шудааст”.

Бино ба тағйироте, ки дар нимаи моҳи июн ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноӣ ворид гашт, сокинонро барои надоштани ниқоби тиббӣ то 300 сомонӣ ҷарима мебанданд.

Паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ аз 2 то 5 сол, дар сурати такрор аз 5 то 10 сол ҳабсро дар пай дорад.

Аммо бархе аз сокинон ҳамвора гуфтаанд, ки нархи ниқоби тиббӣ гарон аст ва ҳар рӯз наметавонанд онро иваз кунанд.

Бино ба омори вазорати тандурустӣ теъдоди гирифторони коронавирус беш аз 10 ҳазор нафар аст , ки ҳудуди 90 дарсади он шифо ёфта, аз ин беморӣ 78 нафар фавтидаанд.

Фардо, 11-уми октябр қарор аст, сокинон барои интихоби номзад ба мақоми президентӣ ба ҳавзаҳои райъдиҳӣ бираванд.

XS
SM
MD
LG