Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Падарам ба Русия нарафт, пули шартномаи донишгоҳро чӣ гуна супорем?"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гуфт, ҳар сол бояд тақрибан 7 ҳазор сомонӣ ҳаққи таҳсилро супорад, аммо имсол натавонист, чун ба далели пандемия падараш ба Русия нарафт ва дар дохили кишвар ҷойи кор надорад.

Ӯ нахост ному насабаш зикр шавад. Метарсад, ки мақомот барояш мушкил эҷод накунанд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар деҳа зиндагии миёнаҳолона доранд ва пардохти қариб ҳафт ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 700 доллар, пули шартнома барояшон осон нест.

“Намедонам, пули донишгоҳро аз куҷо пайдо кунам. Дар деҳа ҷойи кор нест. Як гектар замини пахта дорем. Умедамон ба ҳосили пахта аст, ки онро фурӯшем ва ақаллан нисфи пули донишгоҳро супорем,” -- гуфт ин донишҷӯйи тоҷик.

Пули донишгоҳ ягона мушкили донишҷӯён нест. Илова бар ин, онҳо барои зиндагӣ дар Душанбе ва ё шаҳрҳои дигар ҳар моҳ бояд аз 700 то ҳазор сомонӣ харҷ кунанд.

Тақдири қаҳрамони мо имрӯзҳо мушкили даҳҳо донишҷӯйи дигар будааст, ки аз ҳисоби маблағи наздикони муҳоҷирашон таҳсил мекарданд, вале ҳоло бо баста шудани роҳи Русия ба камбуди маблағ дучор шудаанд.

Мақомот низ мушкилро тасдиқ мекунанд ва мегӯянд, барои ёрӣ ба донишҷӯён талош доранд. Суннатулло Эмомов, як масъули дафтари матбуоти Вазорати маориф дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, вазири маориф ҳанӯз пеш аз анҷоми соли таҳсили 2019-2020 ба роҳбарияти донишгоҳҳо дастур додааст, дар давраи пандемия ба донишҷӯён сабукӣ диҳанд.

Ин сабукӣ, ба қавли масъули Вазорати маориф, ин аст, ки як муддат ва то беҳ шудани вазъият пардохти маблағи таҳсил ба таъхир гузошта шавад: “Яъне, донишҷӯёне, ки имкони пардохти маблағи шартномаро надоранд, онҳоро хориҷ накунанд. Як муддат имкон диҳанд.”

Бо паҳншавии бемории COVID-19 ва баста шудани марзҳо даъватҳое ҳам садо дод, ки гуруҳе аз донишҷӯён аз пардохти маблағи таҳсил озод шаванд. Масъулини донишгоҳҳо мегӯянд, онҳо низ хароҷот доранд ва наметавонанд донишҷӯёнро пурра аз супурдани маблағи шартнома озод кунанд.

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон наздики 6 ҳазор донишҷӯ дорад ва қариб ҳамаи онҳо бо пардохти маблағ таҳсил мекунанд. Ҳаким Ғаюров, муовини раиси Донишгоҳи тиҷоратӣ мегӯяд, ба донишҷӯён дар шароити пандемия имкон доданд, маблағи таҳсилро марҳила ба марҳила супоранд.

Ба гуфтаи Ғаюров, дар самти пардохти маблағи таҳсил имсол мушкилӣ доранд, вале феълан ягон донишҷӯро барои ин кор хориҷ накардаанд. Дар ин миён бархе аз донишҷӯён дар суҳбат ба мо гуфтанд, барои идомаи таҳсил маҷбур шуданд маблағи таҳсилро аз бонк қарз гиранд.

Чанд бонку ташкилот қарз барои таҳсилро пешбинӣ кардаанд, аммо фоиз ё баҳраи ин қарзҳо солона 24 дарсад аст, ки ба гуфтаи донишҷӯён “гарон аст”.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар шароити буҳрони пешомада мақомот бояд баъзе аз гуруҳи донишҷӯёнро аз пардохти маблағи таҳсил озод кунанд.

“Хонаводаҳои зиёд дар Тоҷикистон аз ҳисоби пули муҳоҷирон рӯз мегузаронанд. Аз моҳи апрел инҷониб марзҳо бастааст, танҳо роҳаш ҳамин аст, ки донишгоҳҳо аввалан ҳаққи таҳсилро то ҳадде, ки метавонанд коҳиш диҳанд. Дуввум пардохти онро ба муддати ҳадди ақал як сол мавқуф гузоранд,” -- мегӯяд донишманди тоҷик Абдуқодири Рустам.

Дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон феълан беш аз 227 ҳазор нафар таҳсил мекунанд, ки 166 ҳазор нафарашон бояд маблағи таҳсилро супоранд. Дар сурати насупурдани маблағи таҳсил, донишгоҳ ҳақ дорад, онҳоро хориҷ кунад.

XS
SM
MD
LG