Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба "Эсхата" барои ба Лигаи олӣ баромадан як имтиёз кофист


Дастаи "Эсхата".
Дастаи "Эсхата".

Рӯзҳои 7-8-уми октябр бозиҳои даври бистуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Дар се бозӣ меҳмонон, дар ду вохӯрӣ мизбонон ғолиб шуданд, як дидор бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки ҳадди ақал кафолати гирифтани медалҳои нуқра ва ҳаққи ширкат дар Лигаи олиро дар мавсими соли 2021 ба даст овардааст, рӯзи 7-уми октябр дар даври бистум дар меҳмонӣ тими “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдатро бо 2:0 шикаст дод. “Равшан”, ки дар 19 бозӣ 48 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал ҷойгир шудааст.

Дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд дар бозии даври гузашта дар меҳмонӣ тими “Исфара”-и шаҳри Исфараро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. “Эсхата”, ки 40 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми дувумро касб намудааст. Ба «Эсхата» барои ба Лигаи олӣ баромадан дар се бозии боқимонда муқобили дастаҳои «Шоҳмансур», «Ваҳдат» ва «Равшан»-и Кӯлоб як имтиёз ба даст овардан кофист.

Дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки 35 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро азони худ кардааст. “Панҷшер” дар даври сипаришуда дар меҳмонӣ аз тими “Равшан”-и Зафаробод бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Натоиҷи се бозии дигари даври бистум чунин аст: “Шоҳмансур” (Душанбе) - “Ҳосилот” (Фархор) – 1:4, “Ҳулбук” (Восеъ) - “Барқчӣ” (Ҳисор) – 1:0, “Саройкамар” (Панҷ) - “Моҳир” (Ёвон) – 2:2.

Бозиҳои даври 21-уми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 10-11-уми октябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 20-ум

«Шоҳмансур» – «Ҳосилот» – 1:4

Голҳо: Хайрулло Азизов, 10 (0:1). Нурулло Маҳмудов, 31 – аз пеналтӣ (0:2). Комрон Салимов, 35 (0:3). Амриддин Раҳимов, 43 (1:3). Хайрулло Азизов, 77 (1:4).

Беҳтарин бозигари дидор: Хайрулло Азизов («Ҳосилот»).

«Ваҳдат» – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:2

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 12 (0:1). Наврӯз Рустамов, 67 (0:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҳасан Рустамов («Равшан», Кӯлоб).

«Ҳулбук» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Аваз Камчинов, 45 – аз пеналтӣ.

Аз майдон хориҷ шуд: Довуд Шоҳмадов («Ҳулбук»), 5 – барои ҳарифро аз имкони хуби голзанӣ маҳрум кардан.

Беҳтарин бозигари дидор: Аваз Камчинов («Ҳулбук»).

«Саройкамар» – «Моҳир» – 2:2

Голҳо: Акмалҷон Авазов, 42 (1:0). Соҳибҷон Ваҳобов, 51 (2:0). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 53 (2:1). Дилшод Тағоев, 86 (2:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Баҳровар Ҳалимов («Моҳир»).

«Равшан» (Зафаробод) – «Панҷшер» – 3:0

Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 19 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 29 (2:0). Хурсандмурод Ҷумъаев, 43 – аз пеналтӣ (3:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Бахтиёр Зарипов («Равшан», Зафаробод).

«Исфара» – «Эсхата» – 1:4

Голҳо: Ҷӯрабой Исоев, 13 (0:1). Мубинҷон Муъминов, 22 (0:2). Мубинҷон Муъминов, 35 – аз пеналтӣ (0:3). Ҷӯрабой Исоев, 68 (0:4). Суҳробҷон Сабуров, 76 (1:4).

Беҳтарин бозигари дидор: Мубинҷон Муъминов («Эсхата»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

19

16

0

3

68-31

48

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

19

13

1

5

51-31

40

3

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

20

10

5

5

49-26

35

4

«Равшан» (Зафаробод)

20

10

5

5

41-25

35

5

«Ҳулбук» (Восеъ)

20

10

3

7

37-31

33

6

«Ҳосилот» (Фархор)

20

8

3

9

35-36

27

7

«Моҳир» (Ёвон)

20

8

3

9

46-60

27

8

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

20

7

5

8

47-36

26

9

«Барқчӣ» (Ҳисор)

20

8

1

11

36-38

25

10

«Саройкамар» (Панҷ)

20

6

5

9

40-45

23

11

«Исфара» (Исфара)

20

6

1

13

29-50

19

12

«Шоҳмансур» (Душанбе)

20

0

2

18

13-83

2

Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 26 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 20 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 18-тӯбӣ.

Даври 21-ум

10 октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Барқчӣ» – «Саройкамар»

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳулбук»

«Ҳосилот» – «Ваҳдат»

11 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15:00

«Моҳир» – «Равшан» (Зафаробод)

«Эсхата» – «Шоҳмансур»

«Панҷшер» – «Исфара»

XS
SM
MD
LG