Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъияти пешгӯинашаванда дар Қирғизистон


Шаҳри Ӯш. 6-уми октябр, 2020.
Шаҳри Ӯш. 6-уми октябр, 2020.

Мақомоти интихоботии Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи рӯзи 4-уми октябрро баъди як шаб эътирозҳову беназмиҳо ва иттиҳоми ин, ки ба фоидаи ҳизбҳои рӯ ба президент Сооронбой Ҷеенбеков тақаллуб шудааст, бекор карданд.

Гурнура Ҷӯрабоева, як узви Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон дар бораи бекор шудани натиҷаҳои интихобот рӯзи 6-уми октябр дар саҳифаи "Фейсбук"-аш хабар дод, вале аз нашри ҷузъиёти бештар худдорӣ кард. Ин хабарро сухангӯи комиссия Марина Грешанная ҳам ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Қирғизистон тасдиқ кард.

Қирғизистон як шарики наздики Русия аст, ки муддатҳои дароз дар маркази рақобатҳои геополитикии Маскав, Вашингтон ва Пекин қарор дорад. Шаби 5 ба 6-уми октябр пойтахт, шаҳри Бишкек макони эътирозҳои пуршиддат буд, норозиён аз натиҷаҳои интихобот ба биноҳои парлумон ва қасри президент юриш бурда, президенти собиқ Алмосбек Отамбоевро, ки барои фасод маҳкум шудааст, аз боздошт озод карданд. Дар ҳодисаҳои шаби гузашта 1 нафар куштаву 590 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Қирғизистон дар 15 соли гузашта шоҳиди чандин тағйироти сиёсӣ, аз ҷумла ду мавриди аз қудрат барканор шудани раисони ҷумҳури ин кишвар шудааст. Субҳи 6-уми октябр президент Ҷеенбеков амали эътирозгарони хашинро, ки бинои ҳукумат, телевизион ва сохторҳои қудратиро ишғол карданд, ҳамчун талоши нерӯҳои сиёсӣ барои ғасби ғайриқонунии қудрат қаламдод кард. Аммо айни замон ӯ гуфт, ки ба бекор шудани натиҷаҳои интихоботи ахир омода аст ва аз рақибонаш тақозо кард, ки ба беназмиҳо хотима диҳад. Ӯ инчунин гуфт, ки аз нерӯҳои амниятӣ тақозо кард, ки ба сӯи эътирозгарон оташ накушоянд.

То ҳол маълум нест, ки худи Ҷеенбеков дар куҷо аст, вале сухангӯяш Толгонай Стамалиева дар изҳороти ҷудогонае гуфт, президент "вазъро таҳти назорат дорад" ва "тамоми талошашро ба харҷ додааст", то қонун ва тартибот барқарор шавад.

Ҳизбҳои мухолифи “Отамакон”, “Бутун Қирғизистон”, “Замондош”, Сотсиал-демократҳо, “Бир Бол”, “Ордо”, “Республика” ва “Реформа” рӯзи 6-уми октябр як Шӯрои ҳамоҳангсозе ба раҳбарии Адахон Мадумаров, раҳбари ҳизби “Бутун “Қирғизистон” таъсис доданд. Раҳбари “Отамакон” Ҷанар Оқоев эълон кард, ки рӯзи 7-уми октябр ҷаласаи изтирории парлумон баргузор мешавад. Оқоев гуфт: "Мо раиси нави маҷлис ва аъзои нави ҳукуматро интихоб мекунем”.

Дар Қирғизистон бисёриҳо мегӯянд, ки баъди интихоби раиси нави маҷлис эҳтимолан мухолифон Ҷеенбековро маҷбур мекунанд, ки аз қудрат канор биравад ва бар асоси конститутсия, раиси парлумон иҷрокунандаи вазифаи президент хоҳад шуд. Инчунин Шӯрои ҳамоҳангсоз Омурбек Суваналиевро раҳбари муваққатии Шӯрои амният номид, то ки то замони ташкили ҳукумати нав сари кор бошад.

Суваналиев рӯзи 6-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ дар бораи макони будубоши президент Ҷеенбеков хабаре надорад. Инчунин бо қарор ҳамин шӯро Курсан Асанов, ки соли 2019 бо иттиҳоми "хиёнат ба арзишҳои миллӣ" аз мақоми муовини вазири дохилӣ барканор шуду нисбаташ се парвандаи ҷиноӣ боз шуд, ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи вазири дохилии Қирғизистон таъин шуд.

Дар Қирғизистон вазъият ҳамонгуна пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Субҳи 6-уми октябр дар ошёнаи сеюми қасри президент сӯхтор рӯй дод. Дар сохтмони маъруф ба "Кохи Сафед" қасри президент ва парлумони кишвар ҷойгир аст, ки дар он 120 узви маҷлис ҷаласаҳо барпо мекунанд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки сӯхторнишонҳо талош доранд оташро дар бинои ҳукумат фурӯ нишонанд.

Аксҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, нишон медиҳад, ки эътирозгарон дар ошёнаи ҳафтуми қасри президент аз як утоқ ба дигараш гашта тамоми таҷҳизоту мебели дохилашро хароб мекунанд. Дар як утоқе гурӯҳи эътирозгарон расми президентро аз қолабаш берун карда ба замин заданд.

Гурӯҳи дигари эътирозгарон бинои телевизиону радиоро тасарруф карданд ва афроди дигар ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ворид шуданд.

Радиои Озодӣ гузориш медиҳад, ки Алмосбек Отамбоев, собиқ президенти Қирғизистон аз боздошт раҳо карда шуд. Отамбоев соли гузашта барои як қатор ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҳам задухӯрди хушунатомез бо нирӯҳои амниятӣ ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум шуда буд.

Инчунин эътирозгарон собиқ узви парлумон Содир Ҷапаровро озод карданд ва ӯ чанде баъд дар назди эътирозгарон дар майдони марказии Ала-Тоо суханронӣ кард. Собиқ нахуствазир Сапар Исаков аз зиндоне воқеъ дар рустори Молдованка озод карда шуд.

Гузоришҳо мегӯянд, ки шахси дар ҷараёни беназмиҳо кушташуда ҷавони 19-солае буд. Дар пайи эътирозҳо шаҳрдори Бишкек Азиз Суракматов ва раҳбарони чандин ноҳияву вилоятҳо мақомҳои худро тарк карданд.

Эътирозҳои серҷамъият баъди он сар зад, ки рӯзи 5-уми октябр издиҳоми калони мардум ба бекор шудани натиҷаҳои интихоботи рӯзе пеш даъват карданд. Пулис барои пароканда кардани мардум аз обпош, тирҳои резинӣ, гази ашковар ва норинҷакҳои садодор истифода кард. Мақомоти беҳдоштии Бишкек гуфтанд, ки ҳанӯз 120 нафар бо ҷароҳатҳои мухталиф дар беморхонаҳо мемонанд.

Эътирозҳо баъди он сар зад, ки Комиссиюни марказии интихобот гуфт, дар интихоботи рӯзи 4-уми октябр ҳизбҳои “Бирдимлик”, “Мекеним Қирғизистон” ва “Ҳизби Қирғизистон” баранда шуда, ба парлумон роҳ ёфтанд. Ин ҳизбҳоро аксаран рӯ ба ҳукумат меноманд. “Бирдимлик” ва “Мекеним Қирғизистон” дар гузашта ҷонибдории худ аз ҳамоиши бештар бо созмони таҳти назорати Русияи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро баён кардаанд.

“Бутун Қирғизистон” як ҳизби миллатгаро буда, танҳо ҳизбест, ки 7,13 дарсади раъйҳо, яъне ҳадди аққали дарсади таъминкунандаи ҳузур дар парлумонро ба даст овард. 12 ҳизби дигар натавонистанд дарсади заруриро ба даст оваранд. Вебсайти Eurasianet мегӯяд, ки ин ҳизбҳо эҳтимолан 30 дарсади кулли раъйҳоро ташкил медиҳанд.

Ҳизбҳои хурдтар “Бирдимлик”-ро, ки бисёриҳо онро тарафдори Ҷеенбеков меноманд, дар истифодаи захираҳои маъмурӣ барои пешбарии номзадҳои худӣ гунаҳгор карданд. Ин ҳизб чунин иттиҳомотро рад мекунад. Интихоботи парлумонии Қирғизистон як имтиҳони ҷиддӣ барои ин кишвар арзёбӣ мешуд, чун ҳизби “Бирдимлик” тарафдори эҷоди робитаҳои наздик бо Кремлин мебошад.

XS
SM
MD
LG