Озмоишгоҳи махфии вирусологии “Вектор” дар Русия гуфт, ки санҷишҳои клиникии воксинаи зидди коронавирус бомуваффақият анҷом шуд. Дафтари матбуоти маркази “Вектор” рӯзи 1-уми октябр гуфт, ки санҷишҳои воксинаи “ЭпиВакКорона” фоидаву бехатарии худро собит мекунад”. Ин изҳорот як рӯз баъди он нашр шуд, ки идораи Роспотребнадзор гуфт, санҷиши таъсири “ЭпиВакКорона” дар тани ихтиёриҳо бомуваффақият анҷом шуд ва ҳамаи онҳо худро хуб ҳис мекунанд. Роспотребнадзор гуфтааст, ки то 15-уми октябр воксинаи “ЭпиВакКорона” ба қайд гирифта мешавад. Мақомот дар Русия гуфтаанд, ки навъи аввали воксинаи зидди коронавирус бо номи “Спутник V” аз 8-уми сентябр ба истифода дода шудааст ва воксинаи нав аз соли оянда барои мардуми Русия дастрас хоҳад шуд. Дар ҳоле, ки озмоишу талошҳо барои эҷоди воксинаи нави зидди коронавирус дар ҷаҳон идома дорад, на ҳама ба муассирияти воксинаи аввали зидди коронавируси Русия эътимод доранд ва мегӯянд, қисми озмоишҳои он дар бадани инсон то охир анҷом нашуда аст.
Озмоишгоҳе дар Русия аз санҷишҳои мусбати воксинаи дуюми зидди коронавирус хабар дод
