Арманистон гуфт, ки омода аст бо миёнҷигии САҲА сари мизи музокироти сулҳ нишинад. Ин дар ҳолест, ки дар паи мавҷи ахири нооромиҳо дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ раҳбарони байналмилалӣ бо нигаронӣ аз тавсеаёбии низоъ дар сатҳи минтақавӣ ба хатми билофосилаи даргириҳо даъват карданд. Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Арманистон рӯзи 2-юми октябр гуфта шуд, ки даъвати рӯзи пеши аъзои гурӯҳи Мински САҲА, яъне Фаронса, ИМА ва Русияро дар заминаи хатми билофосилаи оташи ҷанг истиқбол мекунад. Ин кишварҳо ҳамчунин аз раҳбарони Арманистону Озарбойҷон тақозо карданд, ки “таҳти сарпарастии САҲА бидуни таъхир, пешшарт ва ба хотири натиҷаи мусбат ба музокира пардозанд”. Вазорати хориҷаи Арманистон навишт, “ин воқеиятро, ки кишварҳои узви Гурӯҳи Минск дар сатҳи раҳбарон истифодаи нирӯ дар низои Қаробоғи Кӯҳиро ба шиддат маҳкум карданд, истиқбол мекунем”. Дар изҳорот омадааст, ки Арманистон ба ӯҳдадориаш дар заминаи ҳалли мусолиҳатомези низоъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ пойбанд мемонад.
Аз замони шурӯи ихтилофҳои нав дар таърихи 27-уми сентябр, на Арманистон ва на Озарбойҷон барои хатми даргириҳо омодагӣ нишон надодаанд. Дар низоъҳои ахир беш аз 100 нафар, аз ҷумла афроди мулкӣ кушта шуданд. Ҳанӯз Озарбойҷон дар ин замина изҳори назар накардааст. Туркия рӯзи 1-уми октябр дар бораи набуди нияти тавсеаи ихтилофҳо аломат дод, вале ҳамзамон президенташ Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки кишвараш ба Озарбойҷон “ҳама навъи ёриро хоҳад расонд” ва Гурӯҳи Мински САҲА-ро дар нотавонии ҳалли низои Қаробоғи Кӯҳӣ муттаҳам кард.