Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон то охири имсол сохтмон ва таъмири 60 мактаб ба поён мерасад


Синфхонаи яке аз мактабҳо дар Қирғизистон.

То охири соли ҷорӣ дар Қирғизистон дар маҷмуъ сохтмон ва таъмири куллии 60 мактаб ба поён мерасад. Дар ин бора сарвазири он кишвар Қубодбек Боронов рӯзи 1 октябр хабар дод.

Ба гуфтаи сарвазир, аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ 53 мактаб сохта мешавад, ки 14 адади он комилан бунёд шудааст. 4 мактаби дигар аз ҳисоби бунёди рушди Арабистони Саудӣ сохта мешавад.

Қубодбек Боронов ҳамзамон ба масъалаи шуруъи дарсҳои анъанавӣ барои хонандагони синфҳои 1-6 дар Қирғизистон дахл кард. Ҳукумати Қирғизистон ахиран хабар дод, ки шуруъ аз 6 октябр дар мактабҳои он кишвар дарсҳои анъанавӣ барои хонандагони синфҳои 1-6 ба роҳ монда мешавад.

"Ба мақомоти маҳаллӣ дастур шудааст, ки мактабҳову боғчаҳо ва беморхонаҳоро барои зимистони пешорӯ омода кунанд. Аз ҳоло дару тирезаҳоро таъмир ва маводи сӯхт таҳия созанд. Агар мактабҳо шароит надоранд, беҳтар аст, ки дарсҳоро ба таври фосилавӣ анҷом диҳанд", - гуфт сарвазири Қирғизистон.

Дар Қирғизистон аз 16 март ба ин тараф дар донишгоҳҳову мактабҳо, ба далели паҳншавии вабои коронавирус, карантин эълом шуда ва донишҷӯёну хонандагон ба таҳсили фосилавӣ фиристода шудаанд.

XS
SM
MD
LG