Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Русияро дар бораи парвози ҳавопаймоҳои ширкати нав огоҳ кардааст


Муҳоҷирони мунтазири парвози ҳавопаймо
Муҳоҷирони мунтазири парвози ҳавопаймо

Тоҷикистон мақомоти Русияро дар бораи парвози ҳавопаймоҳои ширкати нави “Флай Юнион” байни Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) ва шаҳрҳои Русия огоҳ кардааст.

Елена Михеева, сухангӯи “Росавиатсия”, идораи масъули танзими нақлиёти ҳавоӣ дар Русия, 1-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин кор мувофиқи шартномаи дуҷониба сурат мегирад. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, парвозҳо дар масири Бохтар-Маскав, Бохтар- Санкт-Петербург ва Бохтар-Екатеринбург анҷом шаванд.

“Ин ширкати Тоҷикистон аст ва вақте ки парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар оғоз мешаванд, ширкат ҳам ба мусофиркашонӣ дар ин масирҳо оғоз мекунад”, -- афзуд Михеева.

Дар ҳамин, ҳол Михеева гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия кай барқарор мешаванд. Ӯ гуфт, “Росавтиатсия” як ниҳоди иҷрогар аст ва тасмими азсаргирии парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русияро ситоди мубориза бо COVID-19 дар Русия мегирад.

Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Русия аз 20-уми марти 2020 бинобар пандемияи короновирус баста шуданд. То кунун барои бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия даҳҳо парвозҳои чартерӣ анҷом дода шуд. Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, бо ин парвозҳо 45 ҳазор нафар аз Русия ба ватан баргаштаанд, вале бархе аз муҳоҷирон ҳанӯз аз шеваи номнавис ва дарёфти билети бозашт ба кишвар шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG