Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Будапешт гулгаште бо номи Чингиз Айтматов бунёд мешавад


Будапешт, пойтахти Маҷористон
Будапешт, пойтахти Маҷористон

Дар шаҳри Будапешт бо ширкати ҳайати Қирғизистон маросими кушоиши боғи ба номи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов баргузор мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи 28 сентябр бо сафари расмӣ ба Маҷористон (Венгрия) рафт.

Ҷеенбеков дар ин сафар бо сарвазири Венгрия Виктор Орбан мулоқот мекунад. Ду мақомдор эъломияи шарикии стратегӣ, тафоҳумномаи бунёди рушди Қирғизистону Маҷористон ва дигар санадҳои ҳамкории дуҷонибаро ба имзо мерасонанд.

Ҷеенбеков ҳамзамон бо президенти Маҷористон Янош Адер ва раиси порлумони он кишвар Ласло Кёвер мулоқот хоҳад кард.

Пеш аз сафар ба Маҷористон президенти Қирғизистон ба Русия рафт ва бо ҳамтои руси худ Владимир Путин мулоқот кард.

XS
SM
MD
LG