Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 дари мактабҳои Москваро барои ду ҳафта баст


Шаҳрдории Москва Сергей Собянин эълом кард, ки дар робита ва авҷгирии вабои COVID-19 хонандагони мактабҳо аз 5 октябр то 18 октябр ба таътил фиристода мешаванд. Дар ин бора сомонаи шаҳрдории Москва хабар додааст.

Одатан таътили тирамоҳӣ дар мактабҳои Русия як ҳафта идома мекунад. "Бо тавсияи пизишкон ва бо назардошти авҷгирии бемориҳои хоси мавсими тирамоҳ ва афзоиши сабти ҳолатҳои нави гирифторӣ ба вабои коронавирус тасмим гирифта шуд, ки таътили тирамоҳӣ ду ҳафта эълом шавад", - омада аст дар изҳороти Собянин. Аммо ин таътил ба боғчаҳои кӯдакон рабт надорад.

Собянин аз волидон даъват кардааст, ки дар ин муддат кӯдаконро бештари вақт дар хона нигаҳ доранд ва барои қадам задан танҳо ба наздиктарин боғ ё гулгашти назди хона бароранд. "Дар ин рӯзҳо бештари гирифтороне, ки ҳеч нишонае надоранд - кӯдакон ҳастанд. Онҳо аз кӯча ба хона меоянд ва ба содагӣ бемориро ба аъзои калони хонавода интиқол медиҳанд",-омадааст дар хабар.

Рӯзи 25 сентябр мақомоти Москва расман аз сокинони 65-сола боло хостанд, ки бидуни зарурат аз хона набароянд. Ин хоҳиш ба касоне, ки бемории музмин доранд ва ҳамчунин занони ҳомила дахл дошт. Ба ин тартиб, амалан "низоми худинзиво", ки баҳори имсол дар Москва эълом шуда буд, дубора барқарор гардид. Ба илова, ба ширкатҳои бузург тавсия шуд, ки ба кори фосилавӣ гузаранд.

Ба навиштаи расонаҳо, мақомоти Русия эҳтимоли барқарории карантинро баррасӣ доранд. Расонаҳо менависанд, ин эҳтимол ба афзоиши шуморfи гирифторони вабои коронавирус рабт дорад.

XS
SM
MD
LG