Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштӣ дар Алмаато баргузор мешавад


Муҳаммад Икромов, паҳлавони тоҷик.
Муҳаммад Икромов, паҳлавони тоҷик.

Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW) тақвими таҷдидшудаи чорабиниҳоро барои соли 2021 бо дарназардошти пандемияи COVID-19 нашр кард. Тибқи ҷадвал мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштӣ миёни бузургсолон аз 16-ум то 21-уми феврал дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор мешавад. Дар ин бора сайти unitedworldwrestling.org хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи навбатии литсензионии қаҳрамонии ҷаҳон қарор аст моҳи декабри соли равон дар Белгради Сербия баргузор шавад. Дар ҷаласаи навбатии UWW, ки 5-уми октябр ба нақша гирифта шудааст, шакли қаҳрамонии ҷаҳон баррасӣ мешавад.

Мусобиқаи интихобии Осиё барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио, тавре ки қаблан пешбинӣ шуда буд, аз 26-ум то 28-уми март дар шаҳри Сиани Чин доир мегардад. Баъдан мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ аз 29-уми апрел то 2-юми май дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор хоҳад шуд.

Дар робита ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпии наврасон-2022 мусобиқоти қаҳрамонии қоравӣ миёни наврасон охири моҳи июн барпо мегардад. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон ба охири моҳи июл гузаронида шуд, то ба Бозиҳои олимпӣ халал нарасонад. Фосила миёни қаҳрамонии ҷаҳон ва мусобиқоти қоравӣ миёни наврасон набояд камтар аз як моҳ бошад.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти литсензионӣ варзишгароне, ки аллакай роҳхати Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токиоро доранд, иштирок карда наметавонанд. Дар ҳар як дараҷаи вазнҳо ду роҳхат дода мешавад. Яъне гуштигироне, ки ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, соҳиби роҳхат мегарданд. Ҳар як кишвар метавонад то 18 роҳхат бигирад.

Зимнан, гуштигирони тоҷик то ҳоло ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки соли оянда дар Токио баргузор мешавад, роҳхат ба даст наовардаанд.

XS
SM
MD
LG