Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни КОВИД-19 дар ҷаҳон аз 1 млн нафар гузашт


Акс аз бойгонӣ.

Шумораи қурбониёни бемории КОВИД-19 дар саросари ҷаҳон шоми душанбеи 28-уми сентябр аз марзи як миллион нафар гузашт.

Тибқи омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Иёлати Муттаҳидаи Амрико, ки аз манбаъҳои муътамад доир ба ҷамъоварии маълумот ва омори бемории КОВИД-19 ба ҳисоб меравад, то ҳол 33,2 миллион нафар дар ҷаҳон ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки омори воқеӣ бештар аз ин бошад, зеро бисёре аз ҳолатҳо сабт нашудааст.

Мавридҳои маргу мир бар асари ин беморӣ аз ҳама бештар дар Амрико сабт шудааст ва бар асари КОВИД-19 дар ин кишвар беш аз 205 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Ҳамчунин дар ин кишвар беш аз 7,1 миллион нафар то кунун ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Бар асоси омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, бо таваҷҷуҳ ба шумораи аҳолии кишварҳо, мизони маргу мир бар асари КОВИД-19 дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ болотар аз Амрико аст. Аз ҷумла, агар дар Амрико аз ҳар 100 ҳазор нафар 63 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд, ин омор дар Бритониё ва Испания 67 нафар аст.

То ба ҳол бар асари ин беморӣ дар Бразил 142 ҳазор ва дар Ҳинд 95 ҳазор нафар фавтидаанд.

Тибқи иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ин кишвар то 28-уми сентябр 9685 нафар ба коронавируси нав сироят шуда, 75 кас аз ин беморӣ фавтидаанд. Гузоришҳои ғайрирасмӣ омори фавтидагонро дар Тоҷикистон бештар мегӯянд.

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи душанбе омори як миллион маргу мирро "ноумедкунанда" хонд ва таъкид кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз иштибоҳоти худ дар ин маврид дарс бигирад.

Ба гуфтаи вай, ончӣ дар пешгирии КОВИД-19 аҳамият дорад, раҳбарии масъулиятшинос, илм ва ҳамкорӣ бо якдигар аст. Ба бовари дабири куллии СММ, маълумоти нодуруст боиси маргу мири бештар мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG