Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз “задухӯрди низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ” кард. Изҳороти вазорат шоми 28-уми сентябр дар вебсайти расмии ин ниҳод нашр шуд.
Дар он аз ҳама ҷонибҳои даргир даъват шудааст, ки амалиёти низомиро хотима бидиҳанд. Мақомоти тоҷик гуфтаанд, ки “ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст”. Дар идома омадааст, ки “Тоҷикистон аҳамияти истисноии ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷударо дар чаҳорчӯби меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ таъкид менамояд”.
Ду рӯзи охир дар минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ задухӯрди мусаллаҳонаи нирӯҳои Озарбойҷону Арманистон идома дорад. Ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар истифодаи силоҳҳои сангин ва даҳҳо кушта, аз ҷумла талафот дар миёни афроди мулкӣ гунаҳгор карданд. Баҳси атрофи Қаробоғи Кӯҳӣ решаҳои амиқу дерина дорад, вале дар чор соли ахир ин низоъ сангинтарин ба ҳисоб меравад ва эҳтимоли ба баҳс кашида шудани қудратҳои минтақавии мисли Туркия ва Русия низ ба вуҷуд омадааст. Рӯзи аввали низоъ 27-уми сентябр ҳарду ҷониб чархболу ҳавопаймоҳои бесарнишин, тонку тӯпхонаҳоро ҷалб карданд.
Рӯзи 28-уми сентябр президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳолати ниманизомӣ ҷорӣ кард. Боку гуфт, ки дар ду рӯзи гузашта дар маҷмӯъ шаш шаҳрванди мулкии Озарбойҷон, аз ҷумла панҷ узви як хонавода кушта ва 19 нафар маҷрӯҳ шуданд. Мақомот дар Қаробоғи Кӯҳӣ, минтақаи ҷудоиталабе, ки аксар сокинонаш арманитабор мебошанд, гуфтанд, ки дар низоъҳои рӯзи 27-уми сентябр дар маҷмӯъ ду мулкӣ ва 32 низомиаш кушта шуданд. Онҳо гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои заминиву ҳавоӣ беш аз 100 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ереван гузориш дод, ки шаби гузашта ҳам оташи силоҳ хомӯш нашуд ва Боку гуфт, ки нирӯҳои арманӣ шаҳраки Тертерро ҳадаф қарор доданд. Вазорати дифои Арманистон дар изҳороте гуфт, ки “шабонгоҳ даргирии шадиде” гузашт. Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 28-уми сентябр бо пахши изҳороте гуфт, “нирӯҳои мусаллаҳи Арманистон шаҳри Тартарро гулӯлаборон карданд”. Тартар дар ҳамсоягии Қаробоғи Кӯҳӣ ҷойгир аст.