Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Der Spiegel: Ангела Меркел пинҳонӣ ба аёдати Навалний рафтааст


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон
Ангела Меркел, садри аъзами Олмон

Садри аъзами Олмон Агела Меркел мухолифи рус Алексей Навалнийро, ки баъди заҳролудшавияш дар бемористони "Charité"-и шаҳри Берлин бистарӣ буд, пинҳонӣ аёдат кардааст. Дар ин бора нашрияи олмонии "Der Spiegel" хабар дод.

Нашрия навиштааст, "аёдати садри аъзам барои ҳукумати Русия бонг хоҳад буд, ки Олмон дар ин қазия чизеро гузашт намекунад ва ҳақиқатро муайян хоҳад кард".

Алексей Навалний дар ҳоли ҳозир дар Олмон қарор дорад. Ӯ аллакай аз бемористони Charité рухсат шудааст. Вазъи сиҳатии Навалний 20 августи соли равон, ҳангоми парвоз аз шаҳри Томск ба шаҳри Москва бад шуд. Халабон ҳавопайморо дар Омск ба замин нишон ва ӯро нахуст ба бемористони маҳаллӣ ва сипас ба шаҳри Берлин интиқол доданд. Ҷонибдоронаш мегӯянд, Навалний заҳролуд карда шудааст.

Намояндаи расмии ҳукумати Олмон Штеффен Зайберт нимаи дувуми моҳи сентябр гуфт, дар бадани Навалний асари маводи кимиёии заҳролудсоз аз гуруҳи хатарноки "Новичок"-ро пайдо карданд. Бо вуҷуди он ки мақомоти рус ин иддаоро рад мекунанд, ду озмоишгоҳи мустақил дар Фаронса ва Шветсия хулосаи мутахассисони олмониро тасдиқ карданд.

Навалний то ба поён расидани муҳлати табобаташ дар Олмон мемонад ва сипас тасмим дорад, ки ба Русия баргардад.

XS
SM
MD
LG