Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеву Тошканд эҳтимоли боз кардани марзро баррасӣ мекунанд


Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода

Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ рӯзи сешанбеи 29-уми сентябр ба Душанбе меояд. Дар ҷараёни ин сафар, эҳтимол масъалаи бозкушоии марзҳои Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шавад.

Масъулини Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, тибқи барнома Орипов дар ҷаласаи 7-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон ширкат мекунанд.

Ба қавли манбаъ, инчунин нахуствазири Узбекистон корхонаи муштараки "Артел-Авесто"-ро боз мекунад. Ин корхонаи муштараки Узбекистону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бунёд шуда, асосан таҷҳизоти маишӣ тавлид мекунад.

Ду рӯз қабл аз сафари Абдулло Орипов аллакай чанд ҳайати Узбекистон ба Тоҷикистон расиданд. Аз ҷумла Шерзод Шерматов, вазири маорифи Узбекистон дар ноҳияи Спитамен мактаберо боз кард, ки бо 18 миллион сомонӣ, сармояи Тошканд бунёд шудааст. Инчунин Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Узбекистон низ дар ҳамоиши намояндагон аҳли илму адаби ду кишвар ширкат дошт.

Дар бораи ҷузъиёти бештари сафари ҳайати Узбекистон бо роҳбарии нахуствазир Абдулло Орипов мақомоти ҳарду кишвар шарҳи зиёде намедиҳанд. Аммо як мақоми огоҳ аз ҷузъиёти ин сафар гуфт, боз кардани марз аз мавзуъҳои гуфтугӯи Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов аст. Марзи ду кишвар ба далели паҳншавии вируси корона аз миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ ба ин тараф баста аст.

Талошҳои мо барои гирифтани шарҳи бештар аз Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ва Сафорати ин кишвар дар Душанбе то ин лаҳза бенатиҷа буд.

Танҳо масъулини намояндагии ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, масъалаи дубора оғоз шудани парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Тошканд баъд аз санаи 1-уми октябр рӯшан мешавад.

Мақомоти Узбекистон ду ҳафта пеш гуфтанд, аз 1-уми октябри имсол марзҳои кишварро пурра боз карда, ҳаракати мошину қатор ва ҳавопаймоҳоро барқарор мекунанд. Дар рӯйхати кишварҳое, ки марзи Узбекистон бар рӯи онҳо боз мешавад, номи Тоҷикистон ҳам ҳаст. Шарти асосӣ ин супоридани тест ва ду ҳафта карантин шудан дар Узбекистон аст. Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи боз шудани марзҳо суҳбат накардаанд.

Хабарҳо дар бораи эҳтимоли боз шудани марзи Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоле садо медиҳад, ки бархе мутахассисони соҳаи тибб онро тасмими нодуруст медонанд. Абдулло Давлатов, табиби тоҷики муқими Маскав мегӯяд, боз шудани марзҳо метавонад боиси паҳншавии бештарии бемории COVID-19 гардад.

"Барои ҳамин марзҳо бояд баста бошанду ҳамаи талаботҳои вобаста ба карантин риоя шаванд. Дуруст аст, ки барои мақомот ва ҳам мардум баста будани марзҳо мушкил аст. Лекин аз нуқтаи назари тибб бояд марзҳо баста бошанд. Чун вақтҳои ахир мешунавам, ки боз ҳам бисёриҳо сироят мешаванд",-афзуд Абдулло Давлатов.

Ин пизишк мегӯяд, ҳатто риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми гузаштан аз марз, аз ҷумла санҷидани ҳарорат ё гирифтани тест масъаларо ҳал намекунад. Чун ба таъкиди Абдулло Давлатов, ҷавонон ва кӯдакон бидуни сироят ёфтан интиқлолдиҳандаи беморӣ мебошанд.

Тоҷикистону Узбекистон ду даҳсолаи ахир ва дар замони раёсати Ислом Каримов муносибати чандон хуб надоштанд. Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 яхи муносибатҳо об шуд ва ҳоло ду ҷониб аз беҳбуди равобит сухан мегӯянд.

Соли 2018 ва пас аз сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе миёни Тоҷикистону Узбекистон низоми раводид миёни ду кишвар бекор шуда, парвозҳои мустақим оғоз шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG