Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия чӣ гузашт? Шарҳи расмӣ баъд аз ду рӯзи ҳодиса


Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26-уми сентябр тасдиқ кард, ки як кормандашро дар дохили бинои сафорат задаанд.

Масъулони сафорат дар баёянияи расмӣ дар Фейсбук гуфтанд, ҳодиса ду рӯз пеш, ҳангоми қабули аризаҳои шаҳрвандон барои баррасӣ ва шомил кардани онҳо ба рӯйхати талабгорони бозгашт ба ватан иттифоқ уфтод.

Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, корманди сафорат ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. "Ҳамлагаронро фавран дастгир карданд ва ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла сабабҳои ҳамларо таҳқиқ доранд", -- гуфта шудааст дар баёния.

Расонаҳои Русия рӯзи 25-уми сентябр гузориш доданд, ки як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон ду корманди сафоратро дар Маскав задааст.

Оҷонси хабарии Маскав навишт, мутахассиси пешбари сафорат ва ронандаи ӯ, ки масунияти дипломатӣ надоштанд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷа ангушт ва бинии мутахассиси сафорат шикаста, сараш осеб дидааст.

Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеаш навишт, ки кормандони сафоратро барои "дағалӣ" задаанд. Сафорати Тоҷикистон ин фарзияро беасос шумуруд.

Тайи ду моҳи охир талабгорони бозгашт ба Тоҷикистон бо ҳадафи номнавис кардани худ дар назди бинои сафорат дар Маскав ҷамъ мешаванд. Онҳо аз шеваи номнавис ва дарёфти билети бозгашт ба Тоҷикистон норозиянд, ҳарчанд мақомот онро дурусту одилона хондаанд.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, то ин дам беш аз 45 ҳазор шаҳрванди кишвар ба ватан баргаштаанд. Ба қавли онҳо, ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июли имсол барои аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам бо Русия ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ розӣ шуда буд ва ҳоло мунтазири посухи Маскав аст.

Парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Русия аз моҳи март ба ин тараф ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG