Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Amnesty International дар гузориши наваш мегӯяд, дар Қирғизистон дар давраи пандемияи коронавирус кормандони тибро маҷбур мекарданд соатҳои тӯлонӣ сари кор бошанд, аксар вақт барои соатҳои изофии корӣ пул намедоданд ва ҳатто гоҳо маошашонро кам мекарданд ва дар шароити монанд ба зиндонӣ дар маҳбас нигаҳ медоштанд. Гузорише, ки рӯзи 25-уми сентябр нашр шуд, бо такя ба манобеи ғайрирасмӣ мегӯяд, ки дар моҳҳои март то июл дар Қирғизистон бар асари пандемия 40 корманди тиб ҷон дод, дар ҳоле, ки омори расмии вазорати беҳдошти ин кишвар шумори даргузаштаҳоро 29 нафар гуфтааст. Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, ки омори олудашавиҳо ба коронавирус дар саросари ҷаҳонро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, дар Қирғизистон 45,757 ҳолати тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус вуҷуд дорад ва аз ин миён 1063 нафар ҷон додаанд. Гузориш мегӯяд, ки кормандони тиб аз моҳи май ба ин сӯ ҳар рӯз 12-соатӣ ва ду ҳафта паи ҳам кор мекунанд ва 14 рӯз дар карантин мемонанд ва ин ҳолат ба як маҳбас мемонад. Табибону ҳамшираҳо дар Қирғизистон дар миёни қишри камдаромади кишвар мебошанд, маошашон сари вақт пардохт намешавад, маоши бархе кам карда шуд. Дар бархе ҳолатҳо талоши ошкор кардани мушкилот ваё интиқоди вазъ аз ҷониби худи ходимони тиб бо таҳдид, рондашавӣ аз кор ва таҳқири кормандон анҷомидааст, мегӯяд гузориш. Муаллифони ин таҳқиқот мегӯянд, ки ҳукумати Қирғизистон бояд барои идомаи муқобила бо пандемияи коронавирус соҳаи беҳдоштро чунон танзим бикунад, ки ҳам ҳуқуқи кормандони соҳа ҳимоят шавад ва ҳам дар мубориза бо беморӣ муваффақ гарданд. Ҳезер МакГилл, як муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар Amnesty International мегӯяд, ҳукумат инчунин бояд ҳақи озодии баёнро барои ҳар як нафар дар ин кишвар таъмин карда тадбирҳои ҳимоякунандаи ҳуқуқи онҳорое биандешад, ки аввал шуда мушкилотро ошкор мекунанд.