Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири пандемияи COVID-19 дар Осиё баррасӣ шуд


Муҳаммадшо Абдуллозода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Рӯзи 22-юми сентябр дар ҷаласаи онлайнии кумитаи варзиш ва муҳити зисти Шӯрои олимпии Осиё (OCA) масъалаи таъсири пандемияи COVID-19 дар Осиё баррасӣ шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, ки узви кумитаи варзиш ва ҳифзи муҳити зисти OCA мебошад, иштирок кард.

Раиси кумитаи варзиш ва ҳифзи муҳити зист Ю Кён Сон аз Кореяи Ҷанубӣ иброз намуд, ки пандемия дар тақвими варзишии тамоми ҷаҳон таъсири ҷиддӣ гузошт, аз ҷумла сабаби як сол ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 гардид.

“COVID-19 вазъияти бесобиқаро пеш овард ва ҳамаи моро дар Осиё шигифтзада кард, - гуфт ӯ. – Мо бояд барои фароҳам кардани шароити тозаи муҳити зист дар чорабиниҳои варзишии худ ҳар коре, ки аз дастамон меояд иҷро ва дар ҳалли мушкилоти мавҷуда якҷоя кор кунем".

Аъзои кумита аз Эрон, Ҳиндустон, Ҷопон, Молдив, Мянмар, Покистон ва Тоҷикистон вазъи давраи пандемияи кишварҳояшонро шарҳ доданд ва вобаста ба чораҳои дар ин самт амаликардаашон ҷиҳати ҳифзи саломатии варзишгарон ҳангоми аз сар гирифтани чорабиниҳои варзишӣ андешаронӣ намуданд.

Намояндаи Кумитаи олимпии Ҷопон Ясуҳиро Накамори гуфт, ки сарвазири нави кишвараш Ёшиҳиде Суга барои баргузории Бозиҳои олимпӣ дар соли оянда азми қавӣ дорад ва барои намудҳои гуногуни варзиш сенарияҳо муҳокима мешавад.

Мудири департаменти Бозиҳои осиёӣ Ҳайдар Фармон изҳор дошт ОСА бо мақомот оид ба се чорабинии сатҳи қора, ки соли оянда бояд баргузор шаванд, пайваста дар робита аст – Бозиҳои соҳилии Осиё моҳи апрел дар Чин, Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ моҳи май дар Тайланд ва Бозиҳои осиёии наврасон моҳи ноябр дар Шантоуи Чин. Баъдан соли 2022 моҳи сентябр Бозиҳои 19-уми Осиё баргузор мешавад.

“Вазифаи асосии мо таъмин кардани муҳити бехатар ва шароити созгор барои варзишгарон дар се бозиҳои соли оянда ва Бозиҳои Осиё-2022 мебошад. Дар ин робита мо омодаем ҳар гуна пешниҳодоти кумитаи варзиш ва ҳифзи муҳити зистро қабул кунем, ки мумкин аст ба мо дар ин самт кӯмак кунад”,- гуфт Ҳайдар Фармон.

Ӯ афзуд, ҳамаи 44 кумитаи миллии олимпии ОСА дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ 25000-долларӣ дарёфт намуданд. Ин маблағ барои пешгирии COVID-19, аз ҷумла харидории маводу маҳсулоти ҳимоявӣ ва тоза кардани иншоот нигаронида шудааст.

XS
SM
MD
LG