Созмонҳои ҳомии озодии баён ҳукми зиндони журналисти мустақили эронӣ Хусрав Содиқӣ Буруҷаниро маҳкум карда аз мақомоти кишвар хост, ки ҳабси худсаронаи намояндагони матбуотро хотима диҳад. Буруҷанӣ рӯзи 9-уми сентябр ба зиндони Эвин барои шурӯи мӯҳлати ҳафтсолаи зиндон бурда шуд. Ӯро дар “таҳқири асосгузори Ҷумҳурии Исломӣ”, “ташвиқоти зиддидавлатӣ” ва “тавтеа бар зидди амнияти милливу байналмилалӣ” гунаҳгор кардаанд. Дар ин бора дар изҳороти рӯзи 15-уми сентябри созмони Гузоришгарони бидуни марз нашр шудааст. Кумитаи ҳимоят аз журналистон гуфт, ки ҳабси Буруҷанӣ бо иттиҳоми бисёр норӯшан намунаи дигари нодида гирифта шудани матбуот дар Эрон аст.