Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан"-"Регар" ва "Хатлон" - "Истаравшан" дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020


Рӯзи cешанбе, 15-уми сентябр, ду бозии дигари чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 доир гардид. Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои чорякфиналӣ ҳамаи дастаҳои ширкаткунандаи даври ниманиҳоӣ муайян шуданд.

Рӯзи сешанбе дар чорякфинал «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Се голи дастаи ғолибро Шавкати Ҳотам ва боз як голро Иброҳим Зокиров ба самар расонданд. Голҳои мизбонон ба Эмомалӣ Аҳмадхон ва Ҷонибек Шарипов марбут аст.

Дар бозии дигари чорякниҳоӣ, ки 15-уми сентябр сурат гирифт, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ аз рӯи силсилаи пеналтӣ «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро шикаст дод. Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт. Дар замони изофӣ нахуст Набиҷон Раупов (“Истаравшан”) ва баъдан Мбеке Сиебатчеу (Кӯктош”) якголӣ заданд. Аз рӯи силсилаи пеналтӣ “Истаравшан” бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуд ва ба нимфинал баромад.

Ёдовар мешавем, ҳангомаи асосии марҳилаи чорякниҳоӣ шикасти “Истиқлол”-и Душанбе аз “Равшан”-и Кӯлоб 13-уми сентябр дар меҳмонӣ бо ҳисоби 2:4 мебошад. “Равшан” ба чорякфинал роҳ пайдо кард, вале “Истиқлол” аз ҳаққи ширкат дар нимфинал маҳрум шуд.

«Хатлон»-и Бохтар, ки 13-уми сентябр дар чорякфинал дар меҳмонӣ бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, ба нимфинал баромад.

Ба ҳамин тартиб, дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020, ки рӯзҳои 22-23-юми сентябр баргузор мешавад, «Равшан» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Хатлон» бо «Истаравшан» рақобат хоҳанд кард.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

1/4 финал

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:4

Голҳо: Набиҷон Раупов, 113 (1:0). Мбеке Сиебатчеу Диеудони, 115 (1:1).

Силсилаи пеналтӣ: Мбеке Сиебатчеу Диеудони – 0:1. Илҳом Баротов – 1:1. Далер Ёдгоров – 1:2. Саиддостон Фозилов – 2:2. Муҳаммадшарифи Саидхоҷа – 2:3. Отабек Каримов – 3:3. Собирҷон Холматов – 3:3 (дарвозабон). Беҳрӯз Хайриев – 4:3. Ҳикматулло Расулов – 4:4. Салам Ашӯрмамадов – 5:4.

«Истаравшан» (Истаравшан): Беҳрӯз Хайриев, Фаридун Деҳқонов, Саиддостон Фозилов, Зуфарҷон Акбаралиев, Диловар Бойқузиев, Азизҷон Шамсиев, Абдураҳмон Қурбонов (Асадбек Зиёзода, 119), Отабек Каримов, Салам Ашӯрмамадов, Абдуқаҳҳор Қодиров (Набиҷон Раупов, 73), Илҳом Баротов.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Қурбоналӣ Бобоев, Ҳикматулло Расулов, Бенҷамин Асамоа, Холмурод Назаров, Эраҷ Раҷабов, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Бунёд Шодиев, Муҳиддин Одилов (Собирҷон Холматов, 69), Далер Ёдгоров, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (Принс Артур, 117), Мбеке Сиебатчеу Диеудони.

Огоҳӣ: Саиддостон Фозилов («Истаравшан»), Бунёд Шодиев, Собирҷон Холматов, Мбеке Сиебатчеу Диеудони («Кӯктош»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Беҳрӯз Хайриев («Истаравшан»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Душанбе).

15-уми сентябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 2:4

Голҳо: Шавкати Ҳотам, 14 (0:1). Эмомалӣ Аҳмадхон, 22 (1:1). Ҷонибек Шарипов, 34 (2:1). Шавкати Ҳотам, 59 (2:2). Шавкати Ҳотам, 63 (2:3). Иброҳим Зокиров, 90+2 (2:4).

«Локомотив-Помир» (Душанбе): Шоҳрух Қирғизбоев, Сиёвуш Асроров, Маҳмуд Пиров (Исроил Холов, 28), Манучеҳр Сафаров, Шоҳрух Сангов (Муҳаммад Саломзода, 28), Эмомалӣ Аҳмадхон (Шарифбек Раҳматов, 46), Шуҳрат Элмуродов, Ислом Зоиров, Ҷонибек Шарипов, Нидоёр Забиров (Парвиз Ҳоҷиев, 69), Шаҳром Сулаймонов (Исмоилҷон Алимардонов, 85).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Фирӯз Қараев, Доробҷон Эргашев, Оятулло Сафаров, Парвиз Бахтиёрзода, Расул Файзов, Акбари Шелдарӣ Ораш, Нозим Бобоҷонов, Шерзод Маҳамадиев (Азизбек Ҳаитов, 90+3), Диловаршо Ғаниев (Иброҳим Зокиров, 46), Шавкати Ҳотам.

Огоҳӣ: Эмомалӣ Аҳмадхон, Нидоёр Забиров, Ҷонибек Шарипов, Исмоилҷон Алимардонов («Локомотив-Помир»), Нозим Бобоҷонов, Оятулло Сафаров, Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Шарифбек Раҳматов («Локомотив-Помир»), 67 – барои таҳқири рақиб, Шавкати Ҳотам («Регар-ТадАЗ»), 67 – барои таҳқири рақиб.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

15-уми сентябр. Рӯдакӣ.Варзишгоҳи «Нефтяник».

1/2 финал

22-23 сентябр (сешанбе, чоршанбе)

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

«Хатлон» – «Истаравшан»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG