Хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 15-уми сентябр бо такя ба манобеи огоҳаш дар ниҳодҳои Русия иттилоъ дод, ки мумкин аст, Маскав аз моҳи октябр парвози ҳавопаймоҳоро ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) аз сар бигирад. Тоҷикистон узви ин иттиҳод аст. Манбаи "Интерфакс" гуфтааст, "дар навбати аввал тартиби аз сар гирифтани парвозҳоро ба пойтахтҳои кишварҳои узви ИДМ дар моҳи октябр баррасӣ доранд. Гап дар бораи Нурсултон, Тошканд, Боку, Ереван ва дигарон меравад." Ба қавли манбаи "Интерфакс", мумкин аст, аввал парвозҳои мунтазам байни Маскаву Минск барқарор шавад. "Ин маъсала миёни мақомоти ҳавонавардии ду кишвар баррасӣ мешавад, аммо замони парвозҳо ҳанӯз мушаххас нест," – афзудааст манбаъ. Парвозҳои мунтазам ё доимӣ байни Тоҷикистону Русия аз нимаи моҳи март ба ин тараф ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавируси нав қатъ шудааст. Аз он замон то кунун Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандонаш аз Русия даҳҳо парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳоро ба роҳ монд, аммо муҳоҷирон мегӯянд, дарёфти билети бозгашт осон нест ва беҳтар аст парвозҳои доимӣ барқарор шавад. Мақомот мегӯянд, онҳо дар навбати аввал ба беморону ниёзмандон ва донишҷӯён бартарӣ додаанд. То ҳол ҷониби Тоҷикистон дар бораи эҳтимоли аз моҳи октябр оғоз шудани парвозҳои доимӣ байни Русия ва кишварҳои дигари узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон чизе нагуфтаанд. Вале онҳо дар моҳи июл гуфта буданд, ки ба дархости ҷониби Русия дар мавриди азсаргирии парвозҳо посухи мусбат додаанд.