Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои 6 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Белорус ҷамъ мешаванд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қарор аст, аз 12 то 16-уми октябри имсол дар Белорус тамрини нирӯҳои шаш кишвари узви ОДКБ ё Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ баргузор шавад. Дар ин бора рӯзи 15-уми сентябр Вазорати мудофиаи Русия хабар дод. Бино ба иттилои оҷонси "Интерфакс", дар ин тамрин нирӯҳои низомии Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард. Баргузории тамрин дар ҳоле барномарезӣ шудааст, ки беш аз як моҳ боз дар Белорус бо талаби истеъфои раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ва баргузории интихоботи нави президентӣ тазоҳурот идома дорад. Намояндагони мухолифин натиҷаи интихоботи 9-уми августро намепазиранд.

XS
SM
MD
LG