Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти "Равшан"-Кӯлоб аз "Равшан"-и Зафаробод


Дар даври чордаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11-уми сентябр баргузор шуд, мизбонон дар чаҳор бозӣ ва меҳмонон дар ду дидор ғолиб шуданд.

Пешсафи мусобиқа - дастаи “Равшан”-и Кӯлоб - дар даври чордаҳум дар меҳмонӣ аз «Равшан»-и Зафаробод бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ин севумин бохти “Равшан” дар мусобиқаи имсола ба шумор меравад. Бо вуҷуди бохт “Равшан”, ки дар 14 бозӣ 33 имтиёз гирифтааст, мавқеашро дар зинаи аввал нигоҳ дошт.

“Эсхата”-и Хуҷанд бо 31 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Хуҷандиҳо дар бозии даври гузашта дар майдони худ бар «Моҳир»-и Ёвон бо ҳисоби бузурги 6:0 пирӯз шуданд.

“Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ, ки 23 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро касб намудааст. “Панҷшер” дар бозии даври чордаҳум бар дастаи меҳмон - “Саройкамар”-и Панҷ - бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад.

Натоиҷи се бозии дигари даври чордаҳум чунин аст: «Исфара» (Исфара) – “Ҳулбук” (Восеъ) – 1:3, «Ҳосилот» (Фархор) - “Барқчӣ” (Ҳисор) – 1:0, «Шоҳмансур» (Душанбе) – «Ваҳдат» (Ваҳдат) – 0:2.

Бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 16-17-уми сентябр баргузор мешаванд.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 14-ум

«Равшан» (Зафаробод) – «Равшан» (Кӯлоб) – 2:1

Голҳо: Шодӣ Муродов, 22 (0:1). Умедҷон Давлатбеков, 80 (1:1). Бахтиёр Зарипов, 90+3 (2:1).

Огоҳӣ: Далер Чолов, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов («Равшан» Кӯлоб).

Аз майдон хориҷ шуд: Зиёвуддин Фузайлов («Равшан» Зафаробод), 67 – барои дошном додани ҳариф.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Бахтиёр Зарипов («Равшан» Зафаробод).

«Эсхата» – «Моҳир» – 6:0

Голҳо: Мубинҷон Муъминов, 23 (1:0). Мубинҷон Муъминов, 37 – аз пеналтӣ (2:0). Мубинҷон Муъминов, 47 (3:0). Амирҷон Раҳимов, 69 (4:0). Рустам Сабуров, 87 (5:0). Рустам Сабуров, 89 (6:0).

Огоҳӣ: Фирдавс Икромбеков («Эсхата»).

Аз майдон хориҷ шуд: Алишер Куганов («Моҳир»), 57 – рафтори хашин.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Мубинҷон Муъминов («Эсхата»).

«Исфара» – «Ҳулбук» – 1:3

Голҳо: Хушбахт Назиров, 32 (1:0). Зайнулло Мирзоабдуллоев, 37 (1:1). Зайнулло Мирзоабдуллоев, 65 (1:2). Зайнулло Мирзоабдуллоев, 90+2 (1:3).

Огоҳӣ: Комилҷон Ҷабборов («Ҳулбук»), Абдураҳим Раҳимов, Озод Абдулаҳатов, Суҳробҷон Сабуров («Исфара»).

Аз майдон зориҷ шуданд: Аъзам Дусматов («Исфара»), 53 – рафтори хашин, Юсуфҷон Зоҳидов («Ҳулбук»), 53 – рафтори хашин, Эҳсон Бобоев («Исфара»), 80 – корти 2-юми зард.

«Ҳосилот» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Исроил Сомон, 56.

Огоҳӣ: Хайрулло Азизов, Далер Умаров, Эмомалӣ Алиҷон («Ҳосилот»), Ҳамзаҷон Аҳтамов, Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев, Зуҳриддин Фузайлов («Барқчӣ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Маъруф Нуралиев («Ҳосилот»).

«Панҷшер» – «Саройкамар» – 4:3

Голҳо: Абдухалил Боронов, 3 (1:0). Абдухалил Боронов, 16 – аз пеналтӣ (2:0). Хуршед Ямоқов, 40 (2:1). Аҳлиддин Умаралиев, 44 (2:2). Абдухалил Боронов, 52 (3:2). Абдухалил Боронов, 66 – аз пеналтӣ (4:2). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 74 (4:3).

Огоҳӣ: Сорбон Қурбонов, Шоҳин Ҷалилов, Ҳасан Холов, Қиматшо Муъминшоев («Панҷшер»), Мунис Расулов, Сафар Наботов, Акмалҷон Авазов, Сорбон Гирдаков («Саройкамар»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Рустам Назаров («Панҷшер»), 28 – рафтори хашин, Салим Давлатов («Саройкамар»), 28 – рафтори хашин.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Абдухалил Боронов («Панҷшер»).

«Шоҳмансур» – «Ваҳдат» – 0:2

Голҳо: Фирӯз Раҳматов, 10 (0:1). Фаридун Нарзуллоев, 62 (0:2).

Огоҳӣ: Фирдавс Икромов («Ваҳдат»), Маҳмадшариф Сафаров, Амриддин Раҳимов, Муҳаммад Муъминов («Шоҳмансур»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фаридун Нарзуллоев («Ваҳдат»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Равшан» (Кӯлоб)

14

11

0

3

53-28

33

2

«Эсхата» (Хуҷанд)

14

10

1

3

41-23

31

3

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

14

6

5

3

29-18

23

4

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

14

6

4

4

39-26

22

5

«Равшан» (Зафаробод)

14

6

4

4

28-19

22

6

«Ҳулбук» (Восеъ)

14

6

3

5

27-24

21

7

«Ҳосилот» (Фархор)

14

6

2

6

25-23

20

8

«Исфара» (Исфара)

14

6

1

7

22-28

19

9

«Моҳир» (Ёвон)

14

5

2

7

30-46

17

10

«Саройкамар» (Панҷ)

14

4

3

7

28-34

15

11

«Барқчӣ» (Ҳисор)

14

4

1

9

23-28

13

12

«Шоҳмансур» (Душанбе)

14

0

2

12

9-57

2

Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 18 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 16 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 12 тӯб.

Даври 15-ум

16-уми сентябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Ваҳдат» – «Равшан» (Зафаробод)

«Ҳулбук» – «Шоҳмансур»

«Саройкамар» – «Исфара»

«Моҳир» – «Панҷшер»

17 сентября (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:00

«Барқчӣ» – «Эсхата»

«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот»

XS
SM
MD
LG