Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи қаҳрамонҳои Осиё: Аввалин бохти "Пахтакор"


Дастаи "Пахтакор"-и Тошканд дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё. Акс аз бойгонӣ.

Дастаи “Пахтакор”-и Тошканд рӯзи 14-уми сентябр бозии севуми худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “B” баргузор кард. Дар даври севум рақиби “Пахтакор” бошгоҳи “Ал-Ҳилол”, қаҳрамони феълии Арабистони Саудӣ ва ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои AFC буд.

Гол дар замони изофӣ


Ёдовар мешавем, ки бозиҳои ин мусобиқа бинобар пандемияи коронавирус дар шакли мутамарказ - дар Қатар баргузор мешаванд. Бозие, ки дар варзишгоҳи Ал-Ҷануби Давҳа баргузор шуд, бо ҳисоби 2: 1 ба фоидаи “Ал-Ҳилол” хотима ёфт. Бояд қайд кард, ки футболбозони Арабистони Саудӣ голи ҳалкунандаро дар дақиқаи ҳафтуми ба замони асосии бозӣ иловашуда ба самар расонданд. «Пахтакор» аз дақиқаи 64-ум, баъди аз майдон хориҷ шудани дарвозабон Элдор Суюнов, бо даҳ нафар бозӣ кард. Як голи дигарро ба дарвозаи "Пахтакор" собиқ ҳамлагари "Ювентус" Себастян Ҷиовинко зад.

Мубориза дар гурӯҳ авҷ мегирад

Дар бозии дигари гурӯҳи «В», ки инчунин дирӯз баргузор шуд, «Шабоб Ал-Аҳлӣ» аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ «Шаҳри Худрав»-и Эронро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Тақдири бозиро голи ягонае ҳал кард, ки онро Ғариб Абдуллоҳ Суҳайл баъди таъвиз ба майдон омад, ба самар расонд.

Пас аз се давр дар гурӯҳи «B” дастаи «Ал-Ҳилол» бо 9 имтиёз аз се бозӣ пешқадам аст. «Пахтакор» бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум, «Шабоб Ал-Аҳлӣ» бо 3 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд, вале «Шаҳр Худрав» ҳанӯз ягон имтиёз нагирифтааст.

17-уми сентябр – даври чаҳорум

Дар даври чаҳоруми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи «В» дастаи «Пахтакор» боз бо тими «Ал-Ҳилол» рӯ ба рӯ мешавад. Ин бозӣ 17-уми сентябр доир мегардад.

Бояд гуфт, ки пеш аз бозӣ бо «Ал-Ҳилол», футболбозони «Пахтакор» тасмим гирифтанд изҳороти муҳиме баён кунанд. -Агар "Пахтакор" аз марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо ба даври баъдӣ роҳ пайдо накунад, футболбозон аз ҳамагуна мукофотҳои ҳар як бозии ин мусобиқа даст мекашанд. Онҳо хоҳиши расман интишор шудани изҳоротро баён карданд, - гуфта мешавад дар паёме дар вебсайти расмии бошгоҳи “Пахтакор”.

Лигаи қиҳрамонҳои Осиё

14-уми сентябр, даври 3-юм

Гурӯҳи «В»

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Пахтакор» (Узбекистон) - 2:1

  • Голҳо: Себастян Ҷовинко, 45+3, Ҳаттан Баҳебрӣ, 90+7 - Эрен Дердийок, 70.
  • Огоҳӣ: Ясир Ал-Шаҳронӣ, 26 - Драган Черан, 81, Анзур Исмоилов, 90, Акрам Комилов, 90+3,
  • Аз майдон хориҷ шуд: Элдор Суюнов, 64.
  • Варзишгоҳи «Ал-Ҷануб». Доҳа. 14-уми сентябр.

«Шабоб Ал-Аҳлӣ» (Иморот) – «Шаҳри Худрав» (Эрон) - 1:0

  • Гол: Ғариб Абдуллоҳ Суҳайл, 75.
  • Огоҳӣ: Акбар Содиқӣ, 40, Абдуллоҳ Ал-Нақбӣ, 42, Маҷид Носир, 56, Ҳасан Ҷаъфарӣ, 68, Муҳаммад Марзук, 90+5, Муҳаммад Халатборӣ, 90+5.

17-уми сентябр, даври 4-ум

  • “Пахтакор” – “Ал-Ҳилол”
  • “Шаҳри Худрав» - «Шабоб Ал-Аҳлӣ»

20-уми сентябр, даври 5-ум

  • “Шабоб Ал-Аҳлӣ” – “Пахтакор”
  • “Ал-Ҳилол” – “Шаҳри Худрав”

23-юми сентябр, даври 6-ум

  • “Шаҳри Худрав” – “Пахтакор”
  • “Шабоб Ал-Аҳлӣ» - Ал-Ҳилол»

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG