Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Соро компания" барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал шуд


Дастаи «Соро компания»-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 8:4 ғолиб омад, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал гардид.

Бозии ҳалкунанда рӯзи шанбеи 12-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд, дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш», сурат гирифт. Капитан ё сартими «Соро компания» Некрӯз Алимаҳмадов, ки се гол зад, беҳтарин бозигари финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 дониста шуд.

Инчунин дар ҳайати дастаи ғолиб легионер Вахтанг Кекелия, бозигари мунтахаби Гурҷистон, ду гол, Муҳаммад Шарипов, Сиёвуш Қаюмов ва Насим Шарипов якголӣ ба самар расонданд. Се голи “Равшан”-ро Иброҳим Мирзоев ва як голи дигарро Умеди Ҳусайн ба дарвозаи «Соро компания» ворид карданд.

Дар маросими мукофотсупорӣ дастаи ғолиб - «Соро компания» - бо Ҷоми Тоҷикистон, диплому медалҳои тилло сарфароз гардид. Дастаи “Равшан” бо диплому медалҳои нуқра мукофотонида шуд.

Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал

Финал

«Соро компания» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 8:4

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 6 (1:0). Муҳаммад Шарипов, 6 (2:0). Иброҳим Мирзоев, 8 – аз пеналтӣ (2:1). Иброҳим Мирзоев, 15 (2:2). Некрӯз Алимаҳмадов, 17 (3:2). Вахтанг Кекелия, 17 (4:2). Сиёвуш Қаюмов, 27 (5:2). Вахтанг Кекелия, 28 (6:2). Умеди Ҳусайн, 32 (6:3). Некрӯз Алимаҳмадов, 33 (7:3). Насим Шарипов, 38 (8:3). Иброҳим Мирзоев, 40 – дабл-пеналтӣ (8:4).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Некрӯз Алимаҳмадов («Соро компания»).

Сардовар: Абдумалик Ғаффоров (Хуҷанд).

Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

12-уми сентябр. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш».

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG