Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майкрософт аз фаъолшавии ҳакерҳо дар остонаи интихоботи ИМА хабар дод


Майкрософт, ширкати бузурги амрикоӣ, мегӯяд, ҳакерҳои вобаста ба Эрон, Русия ва Чин афроду созмонҳои марбут ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва рақибаш аз Ҳизби демократ Ҷо Байденро ҳадаф қарор додаанд. Ҳамзамон бо ин эълом, рӯзи 10-уми сентябр ширкати машваратдиҳии ситоди Ҷо Байден гуфт, Майкрософт барояш гуфтааст, аз сӯи ҳакерҳои рус ҳадаф қарор гирифтааст. Ҳакерҳое, ки ба гуфтаи ин ширкат дар интихоботи соли 2016 мудохила карда буданд. Ширкати Майкрософт гуфтааст, ба назар мерасад ин иқдомот бахше аз талоши густарда дар заминаи ҳадаф қарор додани маъракаи сиёсии Амрико ва гурӯҳҳои марбут ба он дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии он кишвар бошад. Ин интихобот моҳи ноябри имсол баргузор хоҳад шуд. Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремлин, пеш аз ин эъломи Майкрософт гузориши расонаҳоро дар ин бора рад карда буд.

XS
SM
MD
LG