Дар ин озмун ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд. Барои ин, бояд лаҳзаҳои ҷолиби маъракаи интихоботиро ба навор гиранд ва ба Радиои Озодӣ фиристанд.
Ин лаҳзаҳо метавонанд мулоқоти номзадҳо бо интихобкунандагон, суханронии онҳо, ҷамъомаду маъракаҳои таблиғотӣ, ширкати мардум дар интихобот ва дархосту таманнои интихобкунандагон аз номзадҳо ва лаҳзаҳои овоздиҳии интихобкунандагон бошанд.
Беҳтарин наворҳо дар барномаҳои Радиои Озодӣ нашр хоҳанд шуд.
Барои ғолибон чунин ҷоизаҳо дар назар гирифта шудаанд:
- Ҷойи якум – видеокамераи нимаҳирфаӣ
- Ҷойи дувум – охирин намуди планшет
- Ҷойи cеюм – телефони ҳушманд
Бишитобед, шояд яке аз ин ҷоизаҳо насиби Шумост!
Видеоҳо бояд аз 5 дақиқа дароз набошанд.
Наворҳои худро ба воситаи ин саҳифа ва ё шумораҳои +420 607900808; +992 980151010; +420 724056681 ва +420 724053959 (Телеграм, Вотсап, Вайбер) ба мо фиристед.
Озмун аз 15-уми сентябр то 15-уми октябр идома хоҳад кард.
Ҷоизаҳо дар як маросими махсус дар шаҳри Душанбе ба ғолибон тақдим хоҳанд гашт.
Натиҷаи озмуни пешинаро бахшида ба интихоботи порлумонӣ дар ин ҷо бинед:
Интизори наворҳои наву ҷолиби Шумо ҳастем!
Ин тараф Ворух вай тараф Хоруг кадом тарафи гранитца но тинч аст масалаи марз ин тараф бо Киргизия вай тараф бо Хитой давно хал шудаги гучора мо химоя намоем бо ин генералхои часур ба чанг рафтан хафнок аст яке бо махкам накунанд
Короче говоря, наши успехи как всегда нулевые
Қарзгирандаҳои Муҳтарам ҳо илтимос тон мекунем аму пулҳои хдмона баргардонед. АЛЛО гуфти Ака ё Додар гуфти пул додемтон., то мушкили шумо ҳал шавад ва мо Дустонатон кори савоб гирем. Кам - камак ҳам биёред -минусш кардан мегирем. Худо ҳидоятон кунад ИЛТИМОС пуломона баргардонед. Бе СУД бозию Бе ПРОКРАТУРА.
Худо раҳмату махфираташ кунад.
хизматгори содиқ, кахрамони мардуми. Устоди дурнамову содиқи ватан - руҳатон шод бод. Ба аҳли оила - сабри ҷамил.