Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

София рӯзи 64-уми эътирозҳои зиддиҳукуматиро пуштисар кард


10-уми сентябр, маркази шаҳри София, пойтахти Булғористон
10-уми сентябр, маркази шаҳри София, пойтахти Булғористон

Дар шаҳри София рӯзи 64-ум аст, ки мардум бо талаби истеъфои ҳукумат ва додситони кулл ба хиёбонҳо мебароянд. Эътирозгарон алайҳи ҳизби муҳофизакори GERB ва ҳукумати он эътироз мекунанд. Рӯзи панҷшанбе эътирозгарон зери назари наздики полис дар беруни сохтмони парлумон дар София ҷамъ омада, бо нидоҳои “мафия, бирав!” ба истеъфои ҳукумати нахуствазир Бойко Борисов ва додситони кулл Иван Гешнев даъват карданд. Дар эътирози мардум гуфта мешавад, ки ҳукумат ва низоми адлия дар дасти як гурӯҳи олигархҳо мебошад. Борисов гуфтааст, ки баъди интихоботи парлумонии моҳи марти соли оянда омода аст аз мақом биравад.

XS
SM
MD
LG