Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА визаи беш аз 1000 донишҷӯву муҳаққиқи чиниро қатъ кард


Дар Чин бисёр ҷавонҳо баъди хатми мактаб мехоҳанд дар ИМА таҳсил кунанд
Дар Чин бисёр ҷавонҳо баъди хатми мактаб мехоҳанд дар ИМА таҳсил кунанд

Мақомот дар ИМА гуфтанд, ки бар асоси қарори рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ виза ё раводиди беш аз 1 ҳазор шаҳрванди Чин, ки бо ҳадафи таҳсил ваё таҳқиқот дар ИМА тақдим шуда буданд, бекор гардиданд. Як сухангӯи департаменти давлатии ИМА рӯзи чоршанбе гуфт, ки чунин тасмим ба хотири пешгирӣ аз таҳдидҳои амниятӣ гирифта шудааст.

Ин хабар дар ҳоле нашр шуд, ки бо наздикшавии интихоботи моҳи ноябри имсол бархӯрди президент Доналд Трамп нисбат ба Чин шадидтар мешавад. Равобити Чину ИМА дар моҳҳои охир пуртаниш шудааст. Рӯзи 9-уми сентябр иҷрокунандаи вазифаи раиси департаменти амнияти дохилӣ Чад Вулф иттиҳомоти қаблии мақомоти амрикоиро такрор кард ва гуфт, ки Чин дар хоки ИМА аз роҳи тиҷоратҳои ноодилонаву ҷосусии саноатӣ талош мекунад таҳқиқоти донишмандони маҳаллиро бидуздад. Ӯ инчунин донишҷӯёни чиниро дар нақзи муқаррароти визаи амрикоӣ гунаҳгор кард.

Ӯ гуфт, “Департаменти амнияти дохилӣ дар бархӯрди стратегии ИМА нисбати Чин нақши муҳим бозӣ хоҳад кард. Мо визаи бархе хатмкунандагон ва муҳаққиқони мушаххаси чиниро аз андешаҳои стратегияи низомӣ нисбати Чин бекор мекунем, то ки дуздиву дастрасии онҳо ба таҳқиқоти ҳассос пешгирӣ шавад”.

Қарори моҳи маи Трамп дар нисбати Чин дар вокуниш ба поймолшавии арзишҳои демократӣ дар Ҳонг Конг қабул шуд. Як сухангӯи Департаменти давлатӣ гуфт, ки танҳо гурӯҳи хурди чиниҳои ба ИМА омада таҳти ҳадафи ин қарор мебошанд ва донишҷӯёну муҳаққиқони қонунӣ хуш омаданд.

Чин моҳи июн гуфт, ки мухолифин ҳама гуна маҳдудият дар нисбати донишҷӯёни чинӣ аст ва аз Вашингтон тақозо кард, ки барои табодул ва дарки бештар иқдом бикунад. Дар солҳои 2018-2019 ИМА ба беш аз 370 ҳазор шаҳрванди Чин раводиди зиндагиву таҳсил тақдим кардааст.

Департаменти давлатӣ мегӯяд, ҳамин тариқ лағви як ҳазор виза шумори ночиз аст ва донишҷӯёну пажуҳишгароне, ки бо дастурҳои ҳизби Коммунист ва низомиён ҳадафҳои пасипардагӣ надорад, ба ИМА роҳ меёбанд.

XS
SM
MD
LG