Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи ASEAN, пандемия в таниши ИМА ва Чин


Ван И, вазири хориҷаи Чин яке аз ширкатдорони калидии ASEAN мебошад
Ван И, вазири хориҷаи Чин яке аз ширкатдорони калидии ASEAN мебошад


Вазирони хориҷаи кишварҳои узви созмони ASEAN дар ҷаласаи рӯзи 9-уми сентябри худ таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисод ва ҳамкорӣ бар зидди таҳдидҳои ҷаҳониро баррасӣ мекунанд. ASEAN Анҷумани кишварҳои Осиёи ҷанубушарқӣ аст ва ҷаласаи имрӯзаи он тавассути конфронси видеоӣ баргузор мешавад. Як ҳадафи ин нишаст инчунин коҳиши таниш дар равобити ИМА ва Чин, ба вижа дар баҳри Ҷанубии Чин мебошад. Ҷаласаро, ки бо сабаби пандемия бо таъхири якмоҳа баргузор мешавад, Ветнам раҳбарӣ мекунад. Нахуствазири Ветнам Нгуен Суан Фук дар лаҳзаҳои ифтитоҳи ҷаласа дар Ҳаной кишварҳои минтақаро ба ҳамраъӣ даъват кард. ИМА то ҳол дар нисбати Чин лаҳни тундро ба кор бурда, президент Доналд Трамп дар заминаи тиҷорат, фанновариҳо ва коронавирус, ки бори аввал дар охири соли гузашта дар Чин ошкор шуд, танқиди зиёд кардааст. Моҳи июл котиби давлатии ИМА Майк Помпео эълон кард, ки Вашингтон тамоми даъвоҳои Чин дар берун аз обҳои байналмилалии эътирофшударо ғайриқонунӣ меномад. Чин баъди ин ИМА-ро дар эҷоди бесуботӣ муттаҳам кард ва моҳи гузашта дар як машқи низомие аз озмоиши ду мушак хабар дода шуд. Ҷаласаи ASEAN рӯзи 12-уми сентябр ба анҷом мерасад. Ширкати худ дар ин конфронсро Помпео ва ҳамкори чиниаш Ван И тасдиқ кардаанд. Инчунин, намояндагони Русия, Ҷопон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳинд ҳам дар ин конфронс иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG