Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории як ихтиёрӣ боиси боздошта шудани озмоиши воксинаи зидди COVID шуд


Корхонаи дорусозии AstraZeneca бо ҷалби даҳҳо ҳазор ихтиёрӣ озмоиши як воксинаи зидди Covid-19-ро ба роҳ мондааст
Корхонаи дорусозии AstraZeneca бо ҷалби даҳҳо ҳазор ихтиёрӣ озмоиши як воксинаи зидди Covid-19-ро ба роҳ мондааст

Ширкати дорусозии AstraZeneca гуфт, ки дар озмоиши воксинаи зидди коронавирус танаффус эълон кардааст, чун як нафар аз ихтиёриёне, ки дар озмоиши даво иштирок мекунад, дучори бемории номаълуме шудааст. Воксинае, ки аз ҷониби ширкати AstraZeneca ва донишгоҳи Оксфорди Бритониё санҷида мешавад, яке аз номзадҳо ба давои муваффақтарин дар мубориза бо COVID-19 гуфта мешавад. Дар як изҳороташ рӯзи 8-уми сентябр ширкати дорусозии AstraZeneca гуфт, ки ҷараёни маъмулии озмоишҳо баъди он боздошта шуд, ки як ихтиёрӣ бемор ва “як кумитаи мустақил барои санҷидани мавод ҷалб карда шуд”. Худи ширкат инро “як амали маъмулӣ” номид ва шарҳ дод, ки дар ҳолати пайдо шудани бемории номаълум дар ҷараёни озмоиш бояд ҳамингуна тасмим гирифта шавад.

Stat News гуфт, ки саломатии ихтиёрии беморшуда бояд барқарор шавад.

AstraZeneca яке аз се ширкатест, ки дар ИМА давраи сеюми озмоишҳои воксинаи эҳтимолии зидди COVID-19-ро бо ҷалби даҳҳо ҳазор ихтиёрӣ баргузор мекунад. Ду ширкати дигар Pfizer and Moderna мебошанд. Ин нахустин бор аст, ки дар ҷараёни озмоиши воксинаи эҳтимолии зидди COVID-19 танаффус эълон бо ҳадафҳои бехатарӣ тафтишот барпо мешавад.

XS
SM
MD
LG