Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шарите": Вазъи Навалний беҳтар аст, вале...


Алексей Навалний як муборизи зидди фасод ва мунаққиди Кремл аст
Алексей Навалний як муборизи зидди фасод ва мунаққиди Кремл аст

Беморхонаи олмонии «Шарите» гуфт, ки вазъи сиҳҳатии раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний «беҳтар шуда» ҳоло ӯ ба ҳарфи табибон вокуниш нишон медиҳад. Дар изҳороти беморхона шоми 7-уми сентябр гуфта шуд, ки сиёсатмадори 44-сола аз ҳолати “беҳушии тиббӣ” берун оварда шуда тадриҷан аз нафаскашии сунъӣ ба нафаскашии табиӣ мегузарад. Дар ин изҳорот инчунин омадааст, ки ҳоло арзёбии таъсири дарозмуддати заҳролудшавӣ ба организми ӯ имконпазир нест. Навалнии 44-сола аз 20-уми август инҷониб дар ҳолати кома буд. Ӯро аз як беморхонаи шаҳри Омски Русия ба Берлин интиқол доданд. Раҳбари мухолифон дар Русияро баъд аз он ба беморхонаи Омск интиқол доданд, ки ҳангоми парвоз аз Сибир ба Маскав дар ҳавопаймо худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Ҳафтаи гузашта табибони олмонӣ гуфтанд, дар бадани Навалний нишонаҳои заҳри низомии навъи “Новичок” ошкор шуд.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз Маскав даъват кард, ки қазияи Навалнийро таҳқиқ бикунад. Мақомоти Русия бо такя ба хулосаҳои табибони беморхонаи Омск ба заҳролудшавии ӯ бо шубҳа менигаранд.

Дар Русия ҳеч як парвандаи ҷиноие дар ин замина кушода нашудааст.

XS
SM
MD
LG