Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се узви нопадидшудаи мухолифини Беларус дар марзи Украина дида шуданд


Сарнавишти Мария Колесникова маълум нест. Эҳтимолан ӯ боздошт шудааст
Сарнавишти Мария Колесникова маълум нест. Эҳтимолан ӯ боздошт шудааст

Се узви аршади мухолифони Беларус, ки дирӯз нопадид шуданду тарсе дар заминаи эҳтимоли аз ҷониби амниятиҳо рабуда шуданашон ба вуҷуд омад, субҳи 8-уми сентябр дар марзи Украина пайдо шуданд. Мария Колесникова, Антон Родненков ва Иван Кравсов субҳи соати 5-и рӯзи сешанбе дар дохили як мошин ба назди гузаргоҳи марзии Александровкаи воқеъ дар вилояти Гомел расиданд. Антон Бичковский, намояндаи Кумитаи давлатии марзбонии Беларус дар оғоз гуфт, ки ин се нафар кишварро тарк карданд. Вале телевизиони давлатӣ баъдан дар нақли қавл аз Бичковский гуфт, ки Колесникова боздошт шуд ва ду нафари дигар тавонистанд ба хоки Украина ворид шаванд. Ҳарсеи онҳо дар Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон шахсиятҳои калидӣ ҳастанд. Ин Шӯро президент Александр Лукашенкоро дар тақаллуби натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август гунаҳгор карда, талош мекунад Лукашенкоро водор бикунад, ки аз роҳи сулҳомез қудратро интиқол бидиҳад. Дар изҳороте Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки гуфт, режими Беларус аз роҳи одамрабоиву таҳдид талош мекунад пеши роҳи эътирозҳои мардумии чор ҳафтаи охирро бигирад. Дар ин муддат ҳазорҳо эътирозгар боздошт, журналистон таҳдиду озор ва ронда шуда, наворҳои видеоӣ дар бораи ваҳшонияти нирӯҳои интизомӣ дар нисбати боздоштшудаҳо гувоҳӣ медиҳанд. Раҳбарии мухолифонро Светлана Тихановская ба ӯҳда дорад, ки дар интихобот ӯро мағлуб эълон карданд ва ӯ маҷбур шуд баъди чанд рӯзи интихобот ба Литва биравад. Рӯзи 8-уми сентябр қарор аст Тихановская дар кумитаи умури сиёсиву демократияи Маҷмааи кулли парлумони Аврупо суханронӣ бикунад. Инчунин ҳафтаи ҷорӣ ӯ қарор аст дар Варшава бо мақомоти ин кишвар дидору гуфтугӯе анҷом диҳад. Лукашенко, ки то ҳол панҷ мӯҳлати президентӣ кор кардааст, муколама бо мухолифон ва даъвати интихоботи навро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG