Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқшиноси собиқи Трамп: президенти ИМА мафтуни Путин аст


Майкл Коэн бо қарори додгоҳ мӯҳлати зиндонро дар ҳабси хонагӣ сипарӣ мекунад

Як собиқ ҳуқуқшиноси Доналд Трамп дар китоби наваш иддао мекунад, ки президенти ИМА мафтуни президенти Русия Владимир Путин аст, чун ӯ, ба гуфтааш, тавони назорат кардани ҳама бахшҳо – аз матбуот сар карда то сохторҳои молиро дорад. Дар китобе, ки рӯзи 8-уми сентябр нашр мешавад, Майкл Коэн навиштааст, ки Трамп ҳавохоҳи Путин аст, чунки раҳбари Русия “тавони назорат ва раҳбарии тамоми кишварро дорад, мисле, ки ин як ширкати хусусӣ, дар воқеъ мисле, ки созмони Трамп бошад”. Коэн, ки муддати дароз ҳамчун “корбудкуни” Трамп маъруф буд, барои қонуншиканиҳои моливу дурӯғ гуфтан ба Конгресс ба се соли ҳабс маҳкум шуд. Бархе порчаҳои китобе бо номи “Бевафо: хотираҳо” аз ҷониби матбуот, аз ҷумла The Washington Post, CNN ва дигарҳо чоп шуданд. Як мақоми баландпояи Кохи Сафед навиштаҳои Коэн дар бораи Русияро ҳамчун бепояву асос рад карда гуфт, ки чандин таҳқиқоти барпошуд собит кард, ки миёни Трамп ва Маскав ҳеҷ иртиботе вуҷуд надорад. Дар ин китоб Коэн чандин интиқоди қаблии худро дар нисбати Трамп такрор карда, ӯро “тақаллубкор, дурӯғгӯ, нажодпараст ва бераҳм”-е меномад, ки худаш ба ӯ кӯркӯрона садоқат дошт. Коэн дар талоши ин аст, ки Трамп дар интихобот дуюмбора пирӯз нашавад.

XS
SM
MD
LG