Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳамкориҳои низомӣ дар мулоқоти вазирони дифои Ҳинду Тоҷикистон


Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон.
Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон.

Вазирони дифои Тоҷикистон ва Ҳинд масъалаи ҳамкориҳои низомӣ миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Расонаҳои ҳиндӣ рӯзи 6-уми сентябр хабар додаанд, ин мавзуъ дар мулоқоти Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳамтои ҳиндиаш Раҷнас Синг дар Маскав дар ҳошияи нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифтааст. Вазири дифои Ҳинд мулоқот бо ҳамтои тоҷикашро "босамар" гуфтааст.

Ҳинд солҳои ахир дар тақвияти артиши Тоҷикистон ва мусаллаҳ кардани он кӯмак мерасонад. Фурудгоҳи низомии Айнӣ дар канори Душанберо маҳз Ҳинд бо харҷи бештар аз 70 миллион таъмиру навсозӣ кардааст. Ҳинд ҳамчунин дар Тоҷикистон як бемористони низомӣ сохтааст. Дар гузашта шуморе аз низомиёни тоҷик дар Ҳиндустон тамрин дидаанд.

XS
SM
MD
LG