Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳукумату Толибон дар Қатар оғоз мешавад


Ҳайати Толибон дар Қатар
Ҳайати Толибон дар Қатар

Бо изҳори омодагии ҳукумати Кобул ва гуруҳи Толибон барои музокироти сулҳ, Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон ба Қатар сафар кард. Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида рӯзи 5-уми сентябр дар як баёнияи расмӣ гуфт, Халилзод ба минтақа сафар мекунад, то ки “ба талошҳои Иёлоти Муттаҳида барои оғози фаврии музокироти байнулафғонӣ суръат бахшад.”

Дар ин баёния омадааст: “Мардуми Афғонистон омодаи коҳиши пойдори хушунат ва ёфтани роҳҳали сиёсӣ ва хотима додан ба ҷанг ҳастанд. Ҳамаи тарафҳо барои оғози гуфтугу монеаҳоро рафъ карданд ва ҳоло фурсати оғози гуфтугу расидааст.” Толибон дар Қатар як дафтари сиёсӣ доранд ва Суҳайл Шоҳин, сухангӯи ин гуруҳи тундрав гуфтааст, ки ҳайати онҳо рӯзи 5-уми сентябр ба Давҳа, пойтахти Қатар ворид шудаанд.

Фаридун Хазон, сухангӯи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон гуфт, ки ҳукумат барои оғози музокироти мустақим омода аст. Ӯ рӯзи 5-уми сентябр дар Твиттер навишт: “Ҷараёни раҳоии зиндониён тамом шуд ва ҳеҷ баҳонае барои таъхир вуҷуд надорад, вале Толибон ҳанӯз ҳам омодаи ширкат дар музокирот нестанд.” Суҳайл Шоҳин гуфтааст, бо ҳал шудани кадом як мушкилоти хурди фаннӣ гуфтугуҳо оғоз мешаванд.

XS
SM
MD
LG