Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Айнӣ ба худкушии Шукрона бовар надоранд. Фарзияи қатлро таҳқиқ мекунанд. ВИДЕО


Шукрона Ҳайдарова, сокини ноҳияи Айнӣ

Додситонии ноҳияи Айнӣ зидди як мард дар робита ба марги зани 26 сола, ки аз ӯ “зани дуюм”-и ӯ ном мебаранд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҳамсари ин мард барои хабар надодан аз ҷиноят айбдор мешавад. Наздикони ин мард иттиҳомро рад мекунанд.

Ҷасади Шукрона Ҳайдарова, сокини деҳаи Урметани ноҳияи Айниро шаби 4-уми август пайдо карданд, ки дар манзили зисташ овехта буд.

Муфаттишон ба худкушии зан бовар надоранд. Онҳо фарзияи кушторрро таҳқиқ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Мақомот мегӯянд, Сафиаллоҳ Раҳмонов, сокини деҳаи Урметан бо гумони даст доштан дар марги ин зан боздошт шуд ва нисбаташ бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “Одамкушӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз карданд. Баргӣ Аслиддинова, ҳамсари ӯ бо модаи 347-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне пинҳон доштани ҷиноят парванда боз карданд. Наздикони ин мард иттиҳомро рад мекунанд ва ба ин боваранд, ки Шукрона Ҳайдарова худкушӣ кардааст.

Парванда ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва гунаҳкории шахсро дар Тоҷикистон танҳо додгоҳ дақиқ мекунад. Дар мавридҳои каме додгоҳ айбҳои эълоннамудаи мақомоти тафтишотиро бекор кардааст ва боздоштшудаҳоро қисман ё комилан бегуноҳ эълон кардааст..

Пайвандони Шукрона Ҳайдарова мегӯянд, Сафиаллоҳ Раҳмонов бо ӯ никоҳи мусалмонӣ дошт, вале худи ӯ, зиндагии муштарак бо ду занро замони пурсиш рад кардааст.

Дар ҳамин ҳол, наздикони Шукрона сабаби ҳамсари дуюм шудани ӯро шарҳ намедиҳанд, вале мегӯянд, ба ин кор ҳамсари аввали Сафиаллоҳ ризоият дода буд.

Алишер Раҳматов, корманди Шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаро онҳо дар ҳамкорӣ бо додситонӣ таҳқиқ доранд ва ташхиси ибтидоӣ нишон дод, ки ин зан бо истифодаи зур кушта шудааст. Ӯ гуфт, ҳоло Сафиаллоҳ Раҳмонов дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад ва Баргӣ Аслиддинова, ҳамсари ӯ ба шарти набаромадан аз ҷои зист дар озодӣ аст.

Муборакқул Ҳайдаров, падари Шукрона, ки дар Русия муҳоҷир аст, гуфт, духтараш ҳамсари дуюми Сафиаллоҳ буд ва муносибаташон хуб набуд, чун ҳамсари якумаш рашк мекард.

Дар Тоҷикистон дузанагӣ манъ аст ва бар асоси қонун ҷазо пешбинӣ шудааст. Аммо мақомот мегӯянд, дар аксар маврид собит кардани дузанагӣ мушкил аст, чун ҳеҷ тарафе манфиатдор нестанд, ки дар ин бора шоҳидӣ диҳанд.

Лутфулло Раҳмонов, падари Сафиаллоҳ Раҳмонов дар сӯҳбати кутоҳ гуфт, бовар надорад, ки писараш ҳамсари дуюмашро кушта бошад. Ӯ аз сӯҳбати бештар худдорӣ кард.

Умеда Муродова, вакили дифои хонаводаи Шукрона Ҳайдарова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси нишондоди ташхис устухони бинии Шукрона шикастааст ва худаш буғӣ шудааст.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, “Сафиаллоҳ Раҳмонов дар вақти пурсиш зиндагии ҳамзамон якҷоя бо ду занро рад кардааст”.

Наздикони ин зан мегӯянд, ӯ аз ин мард ду фарзанди ноболиғ дорад, ки ҳоло дар тарбияи падару модари Шукрона қарор доранд.

Бар асоси иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, таи ду соли ахир беш аз даҳ ҳолати куштори ҳамсарон бо дасти шавҳарон сабт шудааст. Куштор дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешавад ва ин модда аз 8 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG