Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус иқтисоди Эронро "нафасгир" кардааст. ВИДЕО


Эрон

Як узви Шӯрои шаҳри Теҳрон мегӯяд, ки бемории COVID-19 дар пойтахти Эрон то кунун бештар аз 10 ҳазор нафарро куштааст.

Агар омори расмии мақомоти Эрон дуруст бошад, пас ними талафоти кишвар аз коронавируси нав дар Теҳрон аст. Ба гуфтаи онҳо аз COVID-19 дар Эрон 21 ҳазор нафар фавтидаанд, вале бисёриҳо ба ин омор шубҳа доранд ва мегӯянд, ки омори расмӣ миқёси воқеии пандемия дар Эронро нишон намедиҳад.

Тоҷирони эронӣ зиён аз сирояти коронавирусро ҳисоб мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Айни замон тоҷирон дар Теҳрон дар бораи оқибатҳои бади беморӣ ба сиҳативу тиҷораташон мегӯянд. Ба гуфтаи онҳо, коронавирус иқтисоди Эронро "нафасгир" намуда, ҳоли бади иқтисодро бадтар кардааст. Дӯкондорон аз таъсири беморӣ ба сиҳативу тиҷораташонро сӯҳбат мекунанд.

Як тоҷир бидуни зикри номаш гуфт, ки бо вуҷуди риояи меъёрҳои беҳдоштӣ бемор шуд.

"Берун ҳам намеомадам, намедонам аз кӣ гирифтам. Ҳудуди як ҳафта нороҳатии танаффусӣ доштам, наздики як моҳ ҳам бадандард. Ҳанӯз ҳам асараш дар баданам ҳаст",-гуфт ӯ.

Дар Теҳрон хатари сирояти беморӣ бисёр зиёд аст, аммо бисёриҳо аз ночорӣ берун меоянд ва ба гуфтаи дукондорон фосилагирии ҷисмониро риоят намекунанд.

Аксарият ба омори расмии гирифторони коронавирус дар Эрон шубҳа мекунанд.

Сокинон мегӯянд, танҳо дар оромгоҳи "Биҳишти Зуҳро" рӯзона тақрибан 100 нафар дафн мешаванд ва зоҳиран аксарашон аз сирояти вирус фавтидаанд.

Шифохонаҳо дар қабули беморон мушкилӣ мекашанд, табибон аз норасоии васоили муҳофизатӣ шикоят доранд. Айни замон дукондорон аз паёмадҳои вирус барои иқтисод нигаронанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG