Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пасманзари эътирозҳои мардумӣ равобити Беларус бо Русия наздиктар мешавад


Мишустин ва Лукашенко дар Минск мулоқот карданд
Мишустин ва Лукашенко дар Минск мулоқот карданд

Нахуствазири Русия Михаил Мишустин рӯзи 3-юми сентябр дар Минск буд ва бо мақомоти беларусӣ дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ин сафар дар шароите баргузор шуд, ки мақомоти Беларус зери фишори эътирозҳои сартосарӣ аз натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9 август ҳастанд. Беларус дар як ҳолати инзивои байналмилалӣ қарор гирифтааст. Русия, ки худро шарики наздики иқтисодиву сиёсии Беларус меномад, таҳаввулоти кишвари ҳамсояро бодиққат мушоҳида карда, мегӯяд, ки дар сурати зарурат ба кӯмаки президенти Беларус Александр Лукашенко нирӯ мефиристад.

Ҳарду ҷониб гуфтанд, ки сафари якрӯзаи Мишустин ба Минск ба масоили иқтисодиву энержӣ бахшида шудааст. Лукашенко дар дидор бо Мишустин гуфт, ки ду кишвар дар ҳамкорӣ дар масоили сиёсиву иқтисодиву низомӣ ба пешрафт даст ёфтаанд. Лукашенко гуфтааст, ки кишварҳои узви НАТО дар фикри ташкили “инқилоби ранга” ба хотири аз мақом барканор кардани ӯ ҳастанд ва мехоҳанд хоки Беларусро барои ташкили амалҳое зидди Русия истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG