Вазорати молияи Қазоқистон эълом кард, ки доштани ҳисоби бонкӣ дар хориҷ аз ин кишвар барои мансабдорони давлатӣ ва аъзои хонаводаи онҳо манъ карда мешавад. Ин ташаббуси Вазорати молияи Қазоқистон дар пасманзари афзоиши норозигиҳо дар ҷомеаи Қазоқистон ба фасодкории мансабдорон ва ифшо шудани дороиҳои онҳо дар минтақаҳои оффшорӣ аст.
Вазири молияи Қазоқистон Ерулан Жамаубаев 2 сентябр гуфт, ин нақша як ҷузъи барномаи ниҳоди зери раҳбарии ӯ барои мубориза бо иқтисоди соягӣ ва тақвияти назорати молиявӣ аст. Изҳороти Жамаубаев як рӯз пас аз он садо дод, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар паёми ахираш ба мардум гуфт, ба хотири пешгирӣ аз коррупсия бояд соли 2021 доштани ҳисоби бонкӣ дар хориҷ аз кишвар барои мансабдорони давлатӣ, вакилони порлумон ва додрасҳо манъ карда шавад.
Имиҷи Қазоқистон, ки замоне барои кишварҳои пасошӯравӣ намунаи ислоҳоти иқтисодӣ буд, давоми солҳои ахир дар пасманзари ифшо шудани дороиҳову ҳисобҳои бонкии мансабдоронаш ва аъзои хонаводаи онҳо дар хориҷ хатчадор шуд. Аз ҷумла, Оҷонси миллии Бритониён дар умури мубориза бо ҷиноятҳо соли равон аз молики се амволи ғайриманқули ҳабсшуда дар ин кишвар Дариға Назарбоева ва писараш Нуралӣ Алиев талаб карда буд, ки бо кадом маблағ харидани онҳоро ошкор кунанд.