Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори маъруфи эронӣ ба беш аз 4 соли зиндон маҳкум шуд


Мусоид ноябри имсол аз ҷониби CPJ бо ҷоизаи байналмилалии озодии матбуот қадрдонӣ мешавад
Мусоид ноябри имсол аз ҷониби CPJ бо ҷоизаи байналмилалии озодии матбуот қадрдонӣ мешавад

Рӯзноманигори эътирофшуда дар сатҳи байналмилалӣ Муҳаммад Мусоид ба 4 солу 9 моҳи зиндон маҳкум шуд. Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) ин ҳукмро “як талоши дигари фишор ба ҳақиқат” номидааст. Худи Мусоид дар Twitter навишт, ки Додгоҳи инқилоби исломии Теҳрон инчунин ӯро ба мӯҳлати ду сол аз идомаи кори журналистӣ ва истифодаи дастгоҳҳои мухобиротӣ маҳрум кард. Ин шореҳи маъруфи масоили иқтисодӣ мегӯяд, додрас дар ҳукми худ гуфтааст, ки хабарнигор барои “сиёҳнамоӣ, бӯҳроннамоӣ, таҳрики мухотаб ва шикастани таҳкурсӣ” муҷозот мешавад. Қарор аст Мусоид ноябри имсол аз ҷониби CPJ бо ҷоизаи байналмилалии озодии матбуот қадрдонӣ шавад. Дар гузашта ӯ барандаи ҷоизаи “Сухани озоди” оҷонсии DW шудааст.

Шариф Мансур, корманди CPJ дар Ню-Йорк ҳукми ба гуфтааш, “сангини журналистро, ки танҳо кораш огоҳонидани эрониҳо дар бораи таҳаввулоти муҳими кишвар буд, маҳкум кард”. Қарор аст Мусоид ва вакилаш аз болои ҳукми додгоҳ шикоят кунанд.


XS
SM
MD
LG