Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон касонеро, ки аз Қирғизистон баргаштанд ба карантин намегирад


Марзи Қирғизистон ва Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Қирғизистон ва Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Афроде, ки давоми 14 рӯз дар Қирғизистон қарор доштанд ва ё дар даст санади мубтало набудан ба вабои коронавирусро доранд, баъди баргаштан ба Узбекистон ба карантин фаро гирифта намешаванд.

Ба иттилои вазорати тандурустии Узбекистон, чунин талабот сар аз 1 сентябр роҳандозӣ шудааст. Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки шуруъ аз 1 сентябр маҳдудияти рафту омади нақлиёт байни Узбекистону Қирғизистон бекор шудааст.

Шаҳрвандони Узбекистон, ки ба Қирғизистон рафта ва танҳо дар он кишвар қарор доштанд, баъди дубора ба Узбекистон баргаштан ба карантин гирифта намешаванд.

Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо, афроде, ки ба Узбекистон меоянд, ба карантин гирифта хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG