Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони Узбекистон феминизм ва ҳамҷинсгароиро “вирусҳои маънавӣ” номид


Телевизиони давлатии Узбекистон бо оғози тарғибот ба зидди феминизм ва ҳамҷинсгароӣ гуфт, ки ин ду барои кишвари умдатан мусулмоннишини Осиёи Марказӣ бегона аст.

Иштирокдорони барномаи 90-дақиқаии “Муносибат” флешмоб дар шабакаҳои иҷтимоиро алайҳи хушунат нисбат ба занон ба боди танқид кашиданд. Ин флешмоб дар моҳи июл, пас аз он ки як духтари 17-сола дар Фарғона мавриди ҳамлаи ҷисмӣ қарор гирифт, созмон дода шуд. Пулис ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Муҷрии барнома Қуддус Аъзамов ва шаш меҳмон (се нафар аз Вазорати дифоъ) натавонистанд ҳамла ба ин духтарро маҳкум кунанд. Дар иваз аз шиорҳое, ки дар флешмоб садо дод ва аз либоспӯшии занон ба шеваи аврупоӣ интиқод карданд ва онро "шармовар" хонданд.

Ин занон дар флешмоб аксҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо шиорҳое чун “Занон инкубатор нестанд”, “Тани ман, моли ман”, “Арӯс каниз нест” ва “Шалвори кӯтоҳи ман даъват барои робитаи ҷинсӣ нест” нашр карда буданд.

Меҳмонони барномаи телевизионӣ аз ин шиорҳо хашмгин буданд ва онҳоро як раванди хатарнок номиданд, ки “сабаби бетамоюлӣ ба фарзанддор шудани занон ё беэҳтиромӣ ба ҳамсаронашон мегардад”.

Дар оилаҳои суннатӣ дар Узбекистон аз арӯси хонавода интизор доранд, ки аксари корҳои манзилро анҷом диҳад ва кӯдаконро нигоҳубин кунад. Яке аз меҳмонони барнома Ҷамила Шермуҳаммадова аз созмони “Маърифат” гуфт, “феминизм ба сатҳи нав мебарояд, ки дар ниҳоят нақши суннатии мардро дар хонавода камранг мекунад.”

“Бархе аз занони узбек дигар намехоҳанд ба атфоли худ сина бидиҳанд ва ҳатто момодоя киро мекунанд”, -- афзуд ӯ.

Ҷамила Шермуҳаммадова ва иштирокдорони дигари барнома занонро барои навиштаҳо бо забони русӣ низ танқид карданд ва онро “нишонаи дигаре аз беэҳтиромии ҷавонони узбек ба забони модарӣ ва ба таври умумӣ ба фарҳанги худ номиданд”.

Онҳо, ҳамчунин, ҳамназар буданд, ки шиори “Тани ман, моли ман” ба маънои воқеии калима ба маънои “фурӯши бадани шахс” аст ва бинобар ин боис ба густариши фаҳшо мешавад.

Чӣ гуна мешавад ҳамҷинсгароёнро мушаххас кард?

Дар ҳоле ки тамаркузи асосии барнома ҳамла ба флешмоб буд, меҳмонон ҳамчунин аз хатари издивоҷҳои ҳамҷинсҳо ва ҷарроҳиҳои тағйири ҷинсият ҳушдор доданд. Онҳо исрор карданд, ки ҷавонони узбек набояд зери таъсири ҳамҷинсгароён қарор гиранд.

Ба гуфтаи меҳмонони барномаи телевизионӣ, мардони ҳамҷинсгаро сабке аз худ доранд, ки гароиши ҷинсии онҳоро нишон медиҳад. “Барои мисол, онҳо либоси кӯтоҳ доранд ва ё ҷӯроб намепӯшанд ва мӯйҳои канори сарро, ки миёни гӯш ва пешонӣ аст, метарошанд. Ин чизе аст, ки дар Аврупо ҳамҷинсгароён якдигарро мешиносанд”, -- гуфт Мансур Мӯсоев, як мақоми шуъбаи маънавиёти Вазорати дифоъ.

Ҷамила Шермуҳаммадова гуфт, боре ду ҷавони дугоники узбекро, ки чунин ороиши мӯй доштанд, шарманда кард. Вай гуфт, онҳоро дар кӯча доштаву пурсидааст, ки оё медонанд, “ороиши мӯйи онҳо чӣ маъно дорад?”

“Муқобила қабл аз он, ки дер шавад”

Меҳмонони барнома пешниҳод карданд, ки чораҳои муайяне барои муқобила бо таҳдидҳои “вирус”-и фарҳангӣ рӯйи даст гирифта шавад, ки ба иддаои онҳо барои Узбекистон аз пандемияи COVID-19 хатарноктар мебошад.

Меҳмонони барнома таъкид карданд, ки маъракаи роҳандозикардаи феминистҳо аз сӯи нерӯҳои хосе аз хориҷ созмондиҳӣ шудааст. “Нерӯҳои номуайяне ва қудратманде дар пушти он қарор дорад”, -- ҳушдор доданд онҳо бидуни зикр номи шахс, гурӯҳ ва ё кишваре.

Шермуҳаммадова ва Бобоёров батакрор дар бораи зарурати қабули қонун барои мубориза бо ин чолишҳо дар ҷомеаи Узбакистон, зеҳният ва арзишҳои ахлоқӣ сухан мегуфтанд. Шермуҳаммадова ҳамчунон хостори “назорат бар хонаводаҳо” шуд, то итминон ҳосил шавад волидон масъулияти худро дар тарбияти фарзандони худ анҷом медиҳанд.

Онҳо ҳама таъкид карданд, ки ҳоло “фурсати таърихӣ” аст, то алайҳи ин таҳдидҳо қабл аз он ки ҷомеаро ба нобудӣ баранд, мубориза бурд. “Агар мо садди роҳи онҳо нашавем, ояндаи мо нобуд хоҳад шуд. Фарзандони мо ба мо гӯш нахоҳанд дод, онҳо ба мо хоҳанд гуфт, “ман ҳоло як одами болиғ ҳастам”, -- гуфт ҳунарманди собиқадор Ёдгор Саъдиев.

“Мо ҳанӯз фурсат дорем”, -- гуфт ӯ ва афзуд: “Мо бояд суннатҳои мардуми узбек ва хиради миллатамонро ҳифз кунем.”

Дар ҳоле ки барномаи “Муносибат” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба интиқодҳои сахт рӯбарӯ шуд, ба назар мерасад, аксари узбекҳо ҳамчунон нисбат ба “нуфузи фарҳангӣ”-и Ғарб эҳтиёткор ҳастанд.

Дар ҷомеаи Узбекистон нақши суннатӣ барои мардон ва занон муайяншуда боқӣ мондааст. Занон дар Узбекистон аз ҳаққи баробари кору таҳсил бо мардон бархӯрдор ҳастанд, аммо аз онҳо интизор доранд, ки дар хона ба нақши суннатии худ дар итоат аз шавҳар ва хусуру хушдоман, анҷоми корҳои хона ва нигоҳубини фарзандон пойбанд бошанд.

Дар Узбекистон ҳамҷинсгароӣ миёни мардон ҷиноят дониста мешавад ва касе ба ин кор даст мезанад, то се сол ба зиндон маҳкум карда мешавад. Чунин робитаи ҷинсӣ миёни занон дар қонун зикр нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG