Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори ТВ "Qazaqstan": "Аз сиёсати дурӯғомези корӣ хаста шудам"


Ербол Мандибек
Ербол Мандибек

Ербол Мандибеки 34-сола, рӯзноманигори телевизиони давлатии "Qazaqstan" тарки кор кард. Мандибек, ки бештар аз даҳ сол дар телевизиони давлатӣ кор ва сиёсатҳои ҳукумати Қазоқистонро тарғиб кардааст, гуфт, аз сиёсати идорӣ норозӣ аст.

Ербол Мандибек гуфт, пеш аз тарки кор карданаш ӯро барои танқидҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор доданд.

Вай дар мусоҳиба бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ нақл кард, ки чаро телевизиони "Qazaqstan" озодии баёнро маҳдуд мекунад, чи гуна ҳукумат ва вазорати иттилоот ба сиёсати кории идора даст дароз мекунанд ва чи гуна ба рӯзноманигрон тарзи гузориш аз ҷараёни эътирозҳоро меомӯзонанд.

"Агар мухтасар баён кунам, косаи сабрам лабрез шуд. Дарк кардам, ки дигар наметавонам, бо виҷдонам созиш кунам. Дар телевизион на мушкили мардумро инъикос, балки дастури ҳукуматро иҷро мекунанд. Авлавият ба шарҳи барномаҳои ҳукумат дода мешавад. Давоми панҷ сол ман интизор доштам, ки телевизиони давлатӣ тағйир меёбад. Фикр мекардам, ки ба мардум таваҷҷуҳ мекунанд. Аммо ин кор сурат нагирифт", - гуфт рӯзноманигор.

"Роҳбари телевизион дар мавриди мавзуҳои сиёсӣ наметавонад, ба танҳоӣ тасмим гирад. Дар дастгоҳи президент мақомдоре нишастааст, ки масъули сиёсати дохилӣ аст, намояндагони сарвазир ва вазири иттилоот ҳастанд. Роҳбарони ҳамаи телевизионҳо дар вазифаҳои давлатӣ кор кардаанд, намояндаи ҳукумат ҳастанд. Ин гуна афрод магар метавонанд, дастури ҳукуматро иҷро накунанд?", - суол мегузорад Ербол Мандибек.

Матни комили мусоҳибаи вай инҷо маҳфуз аст.

XS
SM
MD
LG