Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 сентябр донишҷӯёни Беларус ба эътирозҳо ҳамроҳ шуданд


Боздошти ширкатдорони эътирозҳои донишҷӯён. Минск, 1 сентябр
Боздошти ширкатдорони эътирозҳои донишҷӯён. Минск, 1 сентябр

Садҳо донишҷӯи беларус рӯзи 1 сентябр дар Минск раҳпаймоӣ карданд. Ин рӯзе буд, ки мухолифон ба эътирози сартосарӣ даъват карданд ва он бо рӯзи аввали таҳсил мусодиф омад. Сафи серҷамъияти донишҷӯён бо парчамҳои сурху сафедранг, ки рамзи мухолифат ба президент Александр Лукашенко аст, аз маркази шаҳри Минск гузаштанд. Ба иттило маркази ҳомии ҳуқуқи “Весна”, дастикам 28 нафар боздошт шуданд. Светлана Тихановская, раҳбари мухолифон дар як изҳороташ гуфт, “Рӯзи 1 сентябр рӯзи дониш аст. Донистани маънои ҳамраъйии беларусӣ аст. Ба як рӯзи эътироз ҳамроҳ шавед, коргаронро пуштибонӣ кунед ва ба ҳукумат нишон диҳед, ки манбаи воқеии қудрат кадом аст”. Эълони президент Александр Лукашенко ба унвони барандаи интихоботи президентии рӯзи 9 август ба бовари мухолифон тақаллуби натиҷаҳои интихоботӣ буд ва ҳамин сабаб шуд, ки мардум ба эътироз бихезанд. Ҳазорҳо мардум дар Беларус бовар доранд, ки дар интихобот Тихановская баранда шудааст ва истеъфои Лукашенкоро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG