Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Академияи илмҳо то “Пайванд”. Муҳаммад Осимӣ 100-сола шуд. САДО


Муҳаммад Осимӣ

Рӯзи 1-уми сентябр дар Тоҷикистон аз садсолагии Муҳаммад Осимӣ, президенти пешини Академияи илмҳо ва раиси ҷамъияти "Пайванд", таҷлил карданд. Осимӣ 24 сол пеш аз сӯйи афроди мусаллаҳ дар Душанбе кушта шуд.

Маҳмадшо Илолов, раиси собиқи Академияи илмҳо, мегӯяд, Муҳаммад Осимӣ ҳамчун файласуф натанҳо дар рушди ин илм дар Тоҷикистон саҳм гузошт, балки ба донишмандони дигар имкон фароҳам овард, то дастовардҳои худро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд.

"Устод Осимӣ тавонистанд роҳбарияти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравиро барои таъсиси чанд пажӯҳишгоҳи нав дар Тоҷикистон мутақоид созанд. Ба воситаи муомилаи неки худ ба ин марказҳои илмӣ пажӯҳишгарони варзидаро ҷалб карданд. Он кас бо далел дар Маскав собит месохтанд, ки барои рушди илми тоҷик вуҷуди ин пажӯҳишгоҳҳо амри зарурӣ аст", -- гуфт ӯ.

Муҳаммад Осимӣ бештар аз бист сол, аз соли 1965 то 1988, президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон буд. Фарҳод Раҳимӣ, раиси ҳозираи ин муассисаи илмӣ дар тавсифи шахсияти академик Осимӣ гуфт:

"Он кас ба ҷуз аз донишмандӣ дар ҷомеаи кишвар ба унвони шахсияти фарҳангӣ ва давлатӣ низ эътироф шудаанд. Дар гузашта бунёдгузор ва тӯли чанд сол роҳбари ҷамъияти дӯстии кишварҳои форсизабони “Пайванд” буданд. Бо ибтикори ин донишманди фақиди тоҷик сафари ҳунарии чеҳраҳои маъруфи фарҳангии эронитабор, ба мисли Саттор ва ғайраҳо ба Тоҷикистон сурат гирифта буд."

Ӯ, инчунин, солҳо Маркази пажӯҳиши тамаддун ва фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказиро дар ЮНЕСКО сарварӣ мекард. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин касе буд, ки хостори ислоҳот дар илми тоҷик, аз ҷумла бознависии таърихи тоҷикон шуд. Вай равобити густардаашро бо намояндагони илм дар Шарқу Ғарб барои рушди илми тоҷик ва таблиғи ҷаҳонии тоҷикон ба кор мебурд.

Дар ин маснад ӯ тавонистааст таҷлили ҳазораи Абӯалӣ Ибни Синоро дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор кунад. Академик Акбари Турсон дар шарҳи ин мавзуъ ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Дар ҷаласаи тантанавӣ дар Маскав қарор шуда буд, ки Муҳаммад Осимӣ дар бораи зиндагӣ ва эҷоди Абӯалӣ ибни Сино гузориши илмӣ мекунанд. Федосеев, муовини президенти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ эълон мекунад, ки "сухан ба президенти Академияи илмҳои..." ва Муҳаммад Осимӣ озими минбар мешаванд. Аммо дар идома Федосеев номи Содиқов, президенти Академияи илмҳои Узбекистонро ба забон меорад. Дар ниҳоят, Муҳаммад Осимӣ низ суханронӣ карда, бо нармӣ дар бораи фаъолиятҳои илмӣ ва эҷодии Абӯалӣ ибни Сино суханронӣ карда, аз беадолатӣ дар мансубияти миллии ин донишманди тоҷик изҳори назар мекунанд. Иштирокдорон ҳадафи аслии Осимиро дарк карданд."

100-солагии академик Осимӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:10 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи ҳамзамонони Муҳаммад Осимӣ, "вай инсони нек ва меҳрубон, хушгуфтор ва самимӣ буд". Сарвар Осимӣ, духтари Муҳаммад Осимӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш ҳам бо раисони кишварҳо ва ҳам бо кӯдакони навзод танҳо бо калимаи “Шумо” хитоб мекард.

"Хеле ширингуфтор буданд. Ҳамеша бо нармӣ суҳбат карда, ба ҳамаи 8 фарзанд ва ҳатто набераҳои навзод “Шумо” гуфта, муроҷиат мекарданд. Ба модарам танҳо “ҷони ширин” гуфта, муроҷиат мекарданд. Боре Мирзо Турсунзода меҳмони хонаи мо шуданд ва чунин муроҷиати падарамро шунида, бо тааҷҷуб пурсиданд, ки Шумо янгаро “ҷони ширин” мегӯед, ки чӣ зебо аст", -- нақл кард ӯ.

Сарвар Осимӣ, ки бахши риёзии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст, мегӯяд, падараш ҳамеша дар ҷараёни донишомӯзии фарзандон буд ва ҳатто пайваста аз онҳо имтиҳон гирифта, дониши онҳоро месанҷид. Феълан, аз ҳашт фарзанди Муҳаммад Осимӣ танҳо як писар ва як духтар дар Тоҷикистон ҳастанд ва дигарон бо шумули набераҳо дар кишварҳои ғарбӣ ба сар мебаранд.

Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, пас аз таҳсил дар Донишгоҳи Самарқанд дар соли 1941, дар мактабҳои олии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ як муддат бо кори сиёсӣ ва давлатӣ низ шуғл варзида, дар ҷанги дувуми ҷаҳонӣ иштирок кардааст.

Академик Осимиро афроди мусаллаҳ соли 1996 дар шаҳри Душанбе куштанд. Як сол пеш мақомоти Тоҷикистон дар гузориши телевизионӣ дар қатли Муҳаммад Осимӣ – президенти Академияи илмҳо, Юсуф Исҳоқӣ – раиси Донишгоҳи тиббӣ, Минҳоҷ Ғуломов – роҳбари клиникаи асабшиносӣ ва чанд чеҳраи саршиноси дигар размандагони мухолифини тоҷикро айбдор карданд. Чизе, ки намояндагони мухолифон ба шиддат рад мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG