Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як раҳбари мухолифони Беларус боздошт ва дигаре ҳабс шуд


Лилия Власова ҳаддиаққал сеюмин узви Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат дар Беларус аст, ки боздошт мешавад
Лилия Власова ҳаддиаққал сеюмин узви Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудрат дар Беларус аст, ки боздошт мешавад

Мақомоти расмии Беларус дар пайи маъракаи муқовимат ба мухолифони ҳукуматдории 26-солаи Александр Лукашенко рӯзи 31-уми август раҳбари коршиканҳоро ба ҳабс гирифта, як узви Шӯрои ҳамоҳангсози интиқоли қудратро боздошт карданд.

Ба иттилои мухолифон, полиси бахши ҷиноятҳои молӣ рӯзи душанбе, баъд аз кофтукоби манзили Лилия Власоваи 67-сола, ӯро боздошт карданд. Власова сеюмин узви Шӯрои ҳамоҳангсоз аст, ки дар фазои эътирозҳои баъд аз интихоботи 9-уми август, ки бо пирӯзии Лукашенко анҷомид, боздошт мешавад.

Дар ҳодисаи ҷудогонае Анатолий Бокун, ҳамраиси кумитаи коршиканҳои корхонаи "Беларускалий" барои ташкили эътирозҳои ғайриқонунӣ ба 15 шабонарӯз ҳабс маҳкум шуд.

Корхонаи давлатии “Беларускалий” панҷумин истеҳсолкунандаи нуриҳои калий дар ҷаҳон буда, корхонаи муҳими таъминкунандаи пули нақд ба буҷаи кишвар ба шумор меравад.

Глеб Сандрас, сухангӯи кумитаи коршиканҳои корхона дар суҳбат бо “Ассошиэйтед Пресс” гуфт, баъд аз фишор болои коргарон барои хатми коршиканӣ, ҳоло фаъолияти корхона дубора аз сар гирифта шудааст.

Баъди Бокун раҳбарони коршиканҳои корхонаҳои дигар ҳам боздошт мешаванд. Нахуствазири Беларус Юрий Назаров рӯзи 31-уми август гуфт, ки аз ҳама калонтарин корхонаҳои саноатии кишвар фаъолияти худро барқарор кардаанд.

XS
SM
MD
LG