Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон дар як рӯз 11 кас аз COVID-19 ва илтиҳоби шуш фавтид


Полиси Қазоқистон
Полиси Қазоқистон

Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки дар давоми як шабонарӯзи ахир 9 нафар бар асари коронавирус ё COVID-19 ва 2 тани дигар аз илтиҳоби шуши "коронавирусӣ" фавтид.

Вазорати тандурустии Қазоқистон омори нав дар бораи гирифторони "илтиҳоби шуши шабеҳи коронавирус"-ро нашр кард. Дар як шабонарӯзи ахир 543 ҳолати мубталошавӣ ва ду фавт ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба омори расмӣ, 29 август дар Қазоқистон 9 нафар бар асари коронавирус ҷон бохтааст. Аз аввали пандемия то ҳол ҷамъан дар Қазоқистон 1581 кас бо ташхиси коронавирус фавтидааст.

Омори илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус дар Қазоқистон аз омори умумии гирифторони COVID-19 ҷудо аст. Чунин шумориш танҳо дар Қазоқистон ба роҳ монда шудааст, дар ҳоле, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин иттилоъро муштарак ба ҳисоб мегирад.

XS
SM
MD
LG