Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи қурбониёни обхезӣ дар Афғонистон ва Покистон


Маҳали офати табии дар Покистон
Маҳали офати табии дар Покистон

Наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи қурбониёни обхезиҳои шадид, ки дар Афғонистон ва Покистон садҳо нафарро куштааст, давом медиҳанд.

Мақомоти Афғонистон рӯзи 29-уми август гуфтанд, ки 160 нафар дар 13 вилоят дар шимоли кишвар дар обхезиҳо кушта шудаанд.

Дар ҷануби Покистон қурбониёни селро то кунун 96 нафар ҳисоб кардаанд.

Тақрибан 2 миллион аҳолии шаҳри Қарочии Покистон аз сел зарар дидаанд ва аксари минтақаҳо ҳанӯз зери обанд.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки низомиёнро барои кӯмак сафарбар кардаанд. Низомиёни НАТО низ гуфтаанд, ба наҷотдиҳандагон ҳамроҳ мешаванд.

Маъмулан мавсими боронгарӣ дар ин минтақаҳо аз моҳи июн то сентябр давом мекунад.

XS
SM
MD
LG